Дидори Ёдгор Файзов бо Олег Гучгелдиев

Обуна шудан
Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев татбиқи тарҳҳои муштаракро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Субҳи имрӯз, раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои котиботи раиси вилоят, зимни мулоқот ҷонибҳо оиди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намудаанд.

Қайд карда шуд, ки соҳаи кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат хеле рушд ёфтааст.

"Дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону FAO, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзии вилоят мубодилаи афкор анҷом доданд", - омадааст дар хабарнома.

Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) кӯшиши байналмилалӣ барои аз байн бурдани гуруснагӣ ва дастгирии рушди кишварҳои аъзо дар соҳаҳои кишоварзӣ, моҳигирӣ ва ҷангалҳо мебошад.

Мушкилоти ФАО ба баланд бардоштани сатҳи ғизогирӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ, беҳбудии зиндагии аҳолии деҳот ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0