05:50 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Кухонный кран.

Захира кунед: эълони қатъи обрасонӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои Душанбе

© Sputnik / Алексей Мальгавко
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
169 0 0

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор нақшаи қатъи интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” ва “Кофарниҳон”-ро тасдиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дафтари матбоути шаҳрдорӣ, ҳадафи ин қарорро гузарондани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар шабакаҳои обтаъминкунӣ гуфтааст.

Манбаъ тавзеҳ додааст, ки аз соати 23:00-и 23 сентябр то соати 24:00-и 24 сентябри соли 2019 обрасонӣ аз истгоҳи “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” ба ноҳияи Фирдавсӣ - маҳаллаҳои 43, 62, 64, 65, Сомон, Равшангарон кӯчаҳои Чомӣ, Борбад ва Фирдавсӣ қатъ мегардад.

“Дар ноҳияи Сино интиқоли об ба маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхутун, Чортеппа 32, 33, 53, 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенов, Камонгарон,  Раҳмон Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ, ва шаҳраки Севастопол аз соати 23:00 рӯзи 23 сентябри соли 2019 то  соати 24:00 рӯзи 24 сентябри соли 2019 қатъ мегардад”, - омадааст дар қарор.

Қаҳрамонии аробакаш: ВУД ба Ғайратов медалу пул дод

Котиботи шаҳрдорӣ афзуд, аз соати 23:00-и 24 сентябри соли 2019 то соати 24:00-и 25 сентябри соли равон интиқоли об аз истгоҳи “Кофарниҳон” ба маҳаллаҳои Гулбутта, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабов, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Сабо, Қаҳҳоров, Миралӣ Маҳмадалиев ва Абдуллоев Наҷмиддин қатъ мешавад.

Дар ноҳияи Шоҳмансур, обрасонӣ ба сокинони кӯчаҳои Моёншоҳ Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1, 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Миралӣ Маҳмадалиев, Карин Манн, Зафар, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Улуғбек, Убайди Зоконӣ, Абдуқодирхоҷаи Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи “Душанбе” ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯб аз соати 23-00 рӯзи 24 сентябри соли 2019 то соати 24-00 рӯзи 25 сентябри  соли 2019 мутаваққиф мешавад.

Президент: 1 тавсияи асосии коршиносони байналмилалӣ бо харҷи 2,8 миллиард иҷро шуд

Шаҳрдорӣ аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардаст, ки обро захира кунанду масъулин муваззаф шудаанд, ба маҳаллаҳои номбурда тариқи мошинҳо обрасониро таъмин намоянд.

Барчаспҳо:
захира, қатъи обрасонӣ, таъмир, эълон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ