Раиси Хатлон бекорию муҳоҷирати меҳнатиро муаммоҳои ҳалталаб хонд

Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ, таҳти роҳбарии хонум Глория Ла Кава, мутахассиси калон дар бахши рушди иҷтимоиро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, ҳайати Бонки ҷаҳонӣ 16 сентябр вориди Тоҷикистон шуда, сафарашон то 28 сентябр идома мекунад.

Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хуҷанд; ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар хориҷ ва бозгардонии онҳо таваҷҷуҳ кунед

Манбаъ афзуд, ки ҳайати коршиносони Бонки барои фарогирии ҷавонони маҳаллӣ бо омӯзишу пешбурди соҳибкорӣ аз шаҳру навоҳии Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор ва Панҷ дидан намуданд.

Дар мулоқот бо Ҳакимзода, хонум Глория Ла Кава қайд кардаст, ки дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани устувории иҷтимоиву иқтисодӣ”, дар ҳар яке аз шаҳру навоҳии зикршуда се муассисаро бо мақсади фароҳамоварии шароит барои омӯзиш ва роҳандозии соҳибкории ҷавонон фаъол мекунанд.

Раиси вилояти Хатлон барои ҳамкорӣ бо лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ карда, изҳор доштааст, ки Ҳукумати кишвар барои бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон, фароҳамории шароити мусоид барои боло бурдани маҳорату малакаи соҳибкории онҳо мунтазам тадбирандешӣ мекунад.

Омбудсмени нави Тоҷикистон дар бораи “облава” ва латукӯби ҷавонон

“Бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, варзишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои ҷавонон, қасрҳои фарҳангӣ, марказҳои ҳунаромӯзӣ, корхонаҳои саноатӣ, қабл аз ҳама, барои таъмини шароити мусоиди кору зиндагии ҷавонон пешбинӣ шудааст”, - афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Студенты на выставке-презентации Образование в России старт успешного будущего - Sputnik Тоҷикистон
Аз ваъдаи таъмини кор то кумакпуливу стипендия: мулоқоти раиси ноҳияи Мастчоҳ бо ҷавонон

Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам муаммоҳои марбут ба бекорию муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон мавҷуданд. Раис таъкид намудааст, ки дар ҳаллу фасли ин масъала чораандешии муштараки тамоми қишрҳои ҷомеа муҳим мебошад.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ изҳор доштаанд, ки дар сурати ҷонибдории Вазорати молия, лоиҳаи  “Беҳтар намудани устувории иҷтимоиву иқтисодӣ”, дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷи вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди амал қарор мегирад.

“Ҳазинаи ин тарҳ 2,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, барои корҳои таъмиру навсозии биноҳои интихобшуда то 100 ҳазор доллар ихтисос дода хоҳад шуд”, - таъкид намудааст котиботи Ҳукумати Хатлон.

Хешовандон ба ҳаёти ҷавонон мудохила мекарданд: афзоиши талоқ дар Тоҷикистон

Инчунин зимни мулоқот тарафҳо маҷмӯи масъалаҳои дигари марбут ба ҳаёти иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла коҳиши сатҳи камбизоатӣ, бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, мусоидат ба пешрафти соҳибкории ҷавонон, ташкили шароити мусоид барои рушди шахсии наврасону ҷавононро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Лентаи хабарҳо
0