Марҳамат ба Хатлон: ҳамоиш ба муносибати рӯзи байналмилалии сайёҳӣ дар Бохтар

© Sputnik / Махпора КиромоваМахфират Хидирзода
Махфират Хидирзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27 сентябр таҷлил мешавад, дар “Кохи Ватан”-и шаҳри Бохтар бо иштироки Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон конфронси вилоятӣ таҳти унвони “Марҳамат ба Хатлон” баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Махфират Хидирзода зимни конфронс иттилоъ дод, ки шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят ба 13 адад расидааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 9 адад зиёд мебошад.

Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон
Дар Данғара хатсайрҳои нави сайёҳӣ боз гардиданд

"Меҳмонхонаҳо ба 97 адад, нисбат ба соли 2017-ум 40 адад зиёд, мавзеъҳои сайёҳӣ 90 адад, нисбат ба соли 2017-ум 30 адад зиёд, истироҳатгоҳу осоишгоҳ 36 адад, нисбат ба соли 2017-ум 9 адад зиёд, осорхонаҳо ба 36 адад, нисбат ба соли 2017-ум 5 адад зиёд, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, монументалӣ, меъморӣ ва зиёратӣ 795 адад, нисбат ба соли 2017-ум 214 адад зиёд, банкоматҳои хизматрасонии бонкӣ 236 адад, нисбат ба соли 2017-ум 42 адад зиёд, гестҳауз ва ҳомстей ба 53 адад, нисбат ба соли 2017-ум 43 адад зиёд, мағозаи фурӯши армуғонҳо 76 адад, нисбат ба соли 2017-ум 72 адад зиёд ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба 29 адад расидаанд", - иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Дилшод Шоев, сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, изҳор доштааст, ки барои муаррифии мавзеъҳои сайёҳии вилоят 15 маркази иттилоотии сайёҳӣ ташкил карда шуд.

Пайи динозаврҳо дар шаҳри Турсунзода: хатсайри нави сайёҳӣ

"Айни замон сомонаи алоҳидаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо суроғаи sayohikhatlon.tj бо се забон омода гардида, маълумоти пурраи шаҳру ноҳияҳо дар сомона ҷойгир карда шудааст", - афзудаст Шоев.

Дар поёни конфронс Махфират Хидирзода ба як қатор фаъолони соҳа, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Левакант ва ноҳияи Ховалинг сипоснома тақдим кардааст.

Лентаи хабарҳо
0