Бунёди меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Мурғоб

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонБоздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Мурғоб
Боздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Мурғоб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи дурдасттарини Тоҷикистон - Мурғоб, меҳмонхонаи дуошёна бунёд ва ба баҳрабардорӣ расидааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб боз як меҳмонхонаи дуошёнаи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Соҳибкори маҳаллӣ Распай Асадманбеков  гуфтааст, ки "Ҳукумати Тоҷикистон дар чанд соли охир ба рушди деҳот аҳамияти хосса медиҳад ва барои беҳтар намудани инфрасохтори деҳот кумаки амалӣ мерасонад. Барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати сохтмони ин  меҳмонхона каме бештар аз як ҳафта сарф кардам.

Ҳама медонанд, ки ноҳияи мо аз маркази вилояту пойтахти ҷумҳурӣ дар масофаи дур ҷойгир аст ва дар интиқол додани масолеҳи бинокорӣ, бахусус дар фасли боронгарӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб низ ин мушкилро эҳсос мекунад ва ба қадри имкон соҳибкоронро дастгирӣ менамояд".

Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда (Казбеги) в Грузии - Sputnik Тоҷикистон
Савори қутос: хатсайри нави гардишгарӣ дар Мурғоб

Сардори Раёсати рушди иқтисоди вилоят Латиф Шоҳзодаев гуфтааст, ки "ҷамоати Аличур дарвозаи ноҳияи Мурғоб ба ҳисоб меравад ва меҳмонони ватанию сайёҳони хориҷӣ пас аз тай кардани роҳи тӯлонӣ маҳз дар ҳамин ҷамоат дам мегиранд".

Барои пазироии меҳмонон дар ин ҷо беш аз 10 меҳмонхонаҳои хурд, ҳам дар шакли  хаймаи қирғизӣ ва ҳам хонаи бадахшонӣ вуҷуд доранд, аммо сол аз сол  таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба ин ноҳияи баландкӯҳ бештар мегардад.

Ин соҳибкорони маҳаллиро водор сохта, ки шумораи марказҳои хизматрасониро афзоиш диҳанд.

Масъулини мақомоти  ноҳия низ муваззаф ҳастанд, ки ҳар иқдоми соҳибкорони маҳаллиро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд. 

Меҳмонхонаи мазкур аз дуошёна иборат буда, дорои ошхона, сарои мошин, шабакаи интернет ва дигар хизматрасониҳои муосир мебошад.

Ноҳияи Мурғоб дар баландии 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз нодиртарин маконҳои дидании Тоҷикистон ба шумор меравад.

Камбуди шадиди оксиген яке аз хосиятҳои асосии ин ноҳия буда, меҳмонону сайёҳон барои сафар аз қабл омодагии комил мебинанд. Ҳайвоноти нодир, ба монанди гӯсфанди Марко Поло ва озодапаланг низ маҳз дар ҳамин ноҳия сукунат доранд.

Лентаи хабарҳо
0