Файзов ба наваскарон ҳуҷҷати ронандагӣ доду ба хизмат гусел кард

© Павел Львов / Гузариш ба медиабонкБерцы
Берцы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Ба ин хотир раиси вилоят ба наваскарор ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим намуд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ба иттилои мақомоти иҷроияи ВМКБ, имрӯз дар шаҳри Хоруғ, чорабинӣ бахшида ба гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки раиси вилоят Ёдгор Файзов, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар намояндагони минтақа баргузор шуд.

Зимни суханронии худ раиси Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон қайд намуданд, ки тайёр намудани насли наврас барои хизмати софдилона имрӯз аз назари ҳарвақта дида, барои ватанамон хеле муҳим мебошад.

"Муҳофизу ҳимоятгари Ватан будан аз ҳар кас заҳмати зиёд, бедорхобй, иродаву матонат, ҷасорат, душворписандӣ ва фидокориё ҷонбозиро тақозо мекунад", - зикр намудаст Файзов.

Ҳуҷҷати ронандагӣ гиру ба хизмати ҳарбӣ рав: гусели наваскарон дар шаҳри Душанбе

Зимнан, дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, шаҳодатномаҳои ронандагӣ барои наваскарон тақдим карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0