07:19 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото

Файзов: эътимоди мардуми Бадахшонро на танҳо дар сухан, балки дар амал низ эҳсос мекунам

Россия для всех
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
310 0 0

Ёдгор Файзов раиси ВМКБ мегӯяд, аз вазъияти орому осудае, ки алъон дар вилоят ҳукмфармост набояд фориғбол шавем. Зеро вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза хоҳ - нохоҳ ба суботи давлатҳо таҳдид мекунад ва мо бояд сиёсати таҳмилии бегонагон нашавем

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи Ҷумҳурият ба кулли мардуми Бадахшон ба хотири дастгирӣ кардани ӯ изҳори сипос намудаст.

Файзов афзудfат, ки дастгириҳои сокинони вилоятро на танҳо дар сухан, балки дар амал низ эҳсос мекунад ва аз ин кор илҳому қувваи нав мегирад.

Зимнан раиси вилоят ба мухбири ҳафтанома аз мушкили калидии ВМКБ, ки ин бекорӣ миёни ҷавонон ба ҳисоб меравад, ибрози назар намуда, афзуд? ки дар ин раванд бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтаанд, ки минбаъд дар Бадахшон ба корҳои сохтмонӣ бештар ширкатҳо ва коргарони маҳаллиро ҷалб намоем.

Файзов аз намоишгоҳи шаҳри Хоруғ дидан намуда, роҳи коҳиш додани бекорӣ дар вилоятро гуфт

Аммо раиси вилоят аз он изҳори таассуф намуд, ки ҷавонони Бадахшон аз фаъолият кардан дар корҳои сохтмонӣ  худдорӣ мекунанд ва аз ин рӯ давоми ҳашт моҳи охири соли равон вилоят тавонист фақат 30 дарсади маблағро аз они худ намояд.

Ба иддаои раиси вилоят, аз бозе, ки ҷавонони маҳаллӣ намехоҳанд дар сохтмонҳо кор кунанд, аз ин рӯ ширкатҳои маҳаллӣ ноилоҷ сохтмончиёнро аз дигар минтақаҳои кишвар ба кор мегиранд, то суръати кор пеш равад.

Гузашта аз ин, Файзов илова намуд, ки беш  аз 130 нафар ҷавонони Бадахшон, ки ба сохтмони НБО "Роғун" сафарбар карда шуданд, нисфашон корро партофта аллакай баргаштанд, ки чунин сурат гирифтани кор боиси нигаронии амиқ аст.

"Инчунин, дар Бадахшон барои рушди кишоварзӣ ва чорводорӣ шароити хуб мавҷуд аст, вале мардум ба ин шуғлҳо чандон таваҷҷуҳ надорад. Парадокс: аз як тараф шикоят аз набудани ҷои кор, ҳамзамон, майли кор кардан надоштан", - изҳор намудааст раиси вилоят ба ҳафтаномаи Ҷумҳурият.

Раиси вилояти Бадахшонро ҳамчунин фоизҳои баланди бонкӣ низ нигарон намудааст. Ӯ мегӯяд агар ба фарқ аз солҳои қаблӣ тағйирот дар фоизи бонҳо дида мешавад, вале барои мардуми Кӯҳистони Бадахшон он ҳамоно бисёр гарон аст.

Намунаи ибрат: паёми шодбошии Ёдгор Файзов ба Шакармамад Мирмамадов

Зимнан Ёдгор Файз аз вазъияти орому осудаи ВМКБ изҳори хурсандӣ намуда, афзуд, ки аз ин муваффақияти ба даст омада, набояд фориғбол шуд, балки пайваста бояд кӯшид то дар доми фиреби сиёсати таҳмилии бегонагон наафтод.

Барчаспҳо:
мардум, дастгирӣ, раиси вилоят, Бадахшон

Мавзӯъҳои асосӣ