10:28 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Российско-таджикские учения, архивное фото

Пешсафии Бадахшон: нақшаи даъвати наваскарон дар вилоят 110 дарсад иҷро шуд

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
309 0 0

Бадахшон дар рӯзҳои аввали даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, аллакай нақшаро беш аз 100 фисад иҷро намудаст

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон феълан давраи тирамоҳии даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷараён дорад.

 Давоми 10 рӯзи аввали даъват ба хизмати ҳарбӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешсаф буда, аллакай 110 дарсади нақшаро иҷро намудаст.

Ба иттилои сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён, дар умум нақшаи даъвати наваскарон дар ҷумҳурӣ 45 фисад иҷро шудаст.

Иҷрои нақшаи даъвати наваскарон тайи ним рӯз дар навоҳии ВМКБ

Гуфта мешавад, шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан низ аз уҳдаи иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ баромада, вилояти Хатлон наздики 32 дарсар плани ҷалби наваскарон ба хизмати ҳарбиро иҷро намудаст.

Дар Душанбе давоми 10 рӯзи маъракаи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ 48 дарсад ба иҷро расидааст, афзудааст Ориф Нозимиён.

Ҳуҷҷати ронандагӣ гиру ба хизмати ҳарбӣ рав: гусели наваскарон дар шаҳри Душанбе

Маврид ба зикр аст, ки даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1 октябр то 30 ноябри соли равон идома меёбад.

Барчаспҳо:
даъвати наваскарон, нақша, Тоҷикистон, Бадахшон

Мавзӯъҳои асосӣ