14:06 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой

Тафсилоти ҳабси "кондуктор": дашномдиҳӣ ӯро паси панҷара бурд

© AFP 2019 / PHILIPPE HUGUEN
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
17200

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як "кондуктор" дар мусофиркаши хатсайри № 2 хабар медиҳад, ки дар дашномдиҳии қабеҳ ва саркашӣ аз додани бақияи як мусофир муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, дағалии пулчинаки мусофиркаши мазкур дар шабакаи иҷтимоӣ баҳси гармеро барангехт ва корбарони ин шабака аз маъмурини пулис дархост намуда буданд, ки алайҳи ин "кондуктор" дар зудтарин фурсат чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Зимнан кормандони пулис муайян намуданд, ки номбурда Назаров Наврӯз Ҷабборович, сокинии шаҳри Душанбе буда, дар мусофиркаши № 2 ба ҳайси пулчинак кор мекардаст.

Кондуктору муҳосиб куҷо раванд: касбҳое, ки аз бозори меҳнати ҶТ ва ҷаҳон "гум" мешаванд

Аз болои "кондуктор" як ҷавонзан дар сафҳаи Фейсбукии худ шикоят намуд, ки ӯ барои баргардондани бақияи пули фарзанди 16 - солааш дағалӣ намуда, бо додани дашномҳои қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задаст.

"Дар асоси далеҳои овардашуда нисбати Назаров Наврӯз бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

ВУД Тоҷикистон меафзояд,  ҳарчанд вақтҳои охир муҷозоти ронанда ва пулчинакҳо аз ҷониби кормандони пулис дар асоси шикоятӣи сокинони зиёд сурат мегирад, вале ҳамоно нақзи ҳуқуқи мусофирон аз ҷониби ронанда ва "кондуктор" коҳиш намеёбад.

Барчаспҳо:
пулчинак, ҳабс, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ