11:30 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Сестры Фарзона Хуршед и Шабнам Сурайё

Оббозӣ ва рақси Фарзонаю Шабнам дар "Порис" - и Тоҷикистон - аксу видео

© Фото: instagram / farzonakhurshed
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
877631

Ҳунармандони саршиноси тоҷик Фарзонаи Хуршед ва Шабнами Сурайё дар Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб ё шаҳраки "Порис" гашту гузор карданд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сарояндагони саршиноси тоҷик Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар саҳифаашон дар Instagram аз сайру гашти -шомгоҳии худ дар зодгоҳашон - шаҳри Кӯлоб, нақл кардаанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

I ❤️ KULOB PARIS ❤️♾❤️

Публикация от Фарзонаи Хуршед (@farzonakhurshed)

Дар ҷое Фарзона ҳамроҳи духтарча ва писараш акс гирифта навиштааст: "Маънои зиндагӣ фарзанд аст".

Посмотреть эту публикацию в Instagram

MANOI ZINDAGI IN FARZAND AST❤️♾❤️

Публикация от Фарзонаи Хуршед (@farzonakhurshed)

Дар ҷое дигаре Фарзона миёни фаввораҳо давида бо рӯҳияи баланд "оббозӣ" мекунад ва аз гашту гузори худ нақл мекунад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Победителем конкурса выйти сухой из воды вышла, Я👑❤️♾❤️

Публикация от Фарзонаи Хуршед (@farzonakhurshed)

Шабнами Сурайё низ дар саҳифааш дар Instagram аксеро ҳамроҳи хоҳараш Фарзонаи Хуршед паҳн карда ӯро "Пораи қалб" - аш хондааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Porai kalbam @farzonakhurshed ♥️👸🏻

Публикация от Shabnam Surayo (@shabnamsurayoofficial)

-
Дар навбати худ Шабнами Сурайё низ дар саҳифааш дар Instagram навори оббозии худро нишон додааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Shabnam Surayo (@shabnamsurayoofficial)

Ёдрас мешавем, ки Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ, ба маркази бузурги истироҳату фароғати кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Дар боғ манораи "Эйфел" қомат афрохтааст, ки онро ба пойтахти Фаронса шаҳри Порис шабоҳат медиҳад. Мардуми маҳаллӣ ин маконро "Порис" ном мебаранд.

Масоҳати умумии боғ 9 га заминро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди боғи мазкур ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис пешбинӣ гардидааст, сохта шуда, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва наврасон, майдончаи тенниси рӯйи миз, Маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон қомат афрохтааст.

Лоиҳаи боғро Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Вертикал” бар уҳда дошта, он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Алюминийи Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед

Мавзӯъҳои асосӣ