11:08 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Доллары США и таджикские сомони, архивное фото

Боздошти мудир, сармуҳосиб ва хазинадори литсейи Хуҷанд: пули толибилмонро аз худ карданд

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
93201

Агентии мубориза бо фасод аз боздошти мудири литсей ва чанд корманди ин муассиса хабар медиҳад, ки дар азхудкунии мублағи толибилмон ва сохтакории санадҳо гумонбар дониста мешаванд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik.Тибқи иттилои Агентии фасод, Рузибоев Тоҳир Бекмуродович дар вазифаи муовини Муассисаи давлатии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Манбаъ меафзояд, ки номбурда  дар давраи солҳои 2016-2019 бо маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби ҳамин муассиса Бабакулов А.М. ва муҳосиб хазинадор Ниёзов С.А. маблағи 842.756 сомоние, ки аз тарафи волидайни хонандагон барои таҳсил, истифодаи хобгоҳ ва иҷроапулии китобҳои дарсӣ пардохт гардида буд, азонихуд намуданд.

Парвандаи шаҳвонӣ: боздошти Ҳамроев ва Убайдов барои талаби 10 ҳазор доллар пора

Гузашта аз ин, Рузибоев бо сармуҳосиби муассиса Бабакулов А.М. ва мудири анбор Ибрагимов Х.А. бо тартиб додани санади қалбакӣ, маблағи барои литсей ихтисос намударо ба фоидаи худ сарф намуданд.

"Онҳо бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт давоми  солҳои 2017-2019 бо Директори ҶДММ "Файзи Музафар" Пулотов М. маслиҳати пешакӣ намуда, бо роҳи сохтакории 31 адад борхатҳои хароҷотӣ оиди гуё аз ҷамъияти мазкур ба маблағи 1.640.659 сомонӣ харидорӣ намудани молу маҳсулотҳои хурока, маблағи мазкурро тасарруф намуданд", - омадааст дар хабари агентӣ.

Боздошти омӯзгори Коллеҷи тиббӣ: аз довталаб 21 000 сомонӣ хостааст

Агентии фасод мегӯяд,  нисбати Рузибоев Т.Б., Бабақулов А.М. ва дигарон бо моддаи 245 қисми 4 банди "б" ва 323 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Барчаспҳо:
литсей, мудир, боздошт, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ