Ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с) : оғози таърихи нав дар ҷаҳони Ислом

CC0 / Pixabay / khitrol / Верблюды в пустыне, архивное фото
Верблюды в пустыне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с) оғози таърихи нав дар ҷаҳони ислом буд ва сулҳофарин будани дини исломро исбот кард

Шаби ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с)

Ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с) - шаби 27-уми моҳи сафар, рухдодест, ки паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) шаҳри Маккаро тарк карда бо ёру пайравонаш ба шаҳри Ясриб (Мадина) кӯчид. Ин рухдод оғози таърихи нав дар ҷаҳони Ислом ба ҳисоб меравад. Тамоми мусалмонони ҷаҳон имрӯз ҳиҷрати паёмбарро ёд мекунанд.

Чаро Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳиҷрат кард 

Ашрофи қабилаҳои араб ба даъвати Муҳаммад (с) барои парастиши Худои ягона - Аллоҳ нобоварона назар мекарданд ва аз дину худоҳои сершумори авлодию қабилавии худ даст намекашиданд. Қурайшиҳо ҳатто қасд доштанд, Муҳаммад (с) ва пайравони ӯро ба қатл расонанд. Барои ҳамин Ҳазрати Муҳаммад (с) соли 622 аз ҷониби Худо огоҳ карда шуд, ки душманон дар паи куштораш ҳастанд ва паёмбар бояд ба пайравонаш, ки то он дам бештари онҳо ба Мадина кӯчида буданд, ҳамроҳ шавад.

© Sputnik / Сикорский / Гузариш ба медиабонкДва верблюда
Ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с) : оғози таърихи нав дар ҷаҳони Ислом - Sputnik Тоҷикистон
Два верблюда

Ҳамин тавр, Ҳазрати Муҳаммад (с) аз Макка ба шаҳри дигари арабии Ясриб сафар, яъне ҳиҷрат мекунад, ки ин сафар дар таърихи дини ислом ҳамчун "ҳиҷрат"-и Муҳаммад (с) пайғамбар аз Макка ба Мадина машҳур аст.

Баробари ба Ясриб ҳиҷрат кардани Муҳаммад (с) обрӯю эътибори паёмбар дучанд шуд. Ҳазрати Муҳаммад тавонист қабилаҳои муқобилро дар Ясриб оштӣ диҳад ва пешвои дини ислом дар шаҳри Мадина гардад. Ҳамин буд, ки шаҳри Ясриб номи "Мадина ан-Набӣ", яъне "шаҳри Пайғамбар"-ро гирифт.

Шаби ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с) дар соли 2019

Соли ҳиҷрати Муҳаммад (с) - оғози зуҳури дини ислом ва солшумории нав - солшумории мусулмонии хиҷрӣ (шамсӣ ва қамарӣ) муқаррар гардид. Расман солшумории ҳиҷрии мусулмонон аз соли 637 пас аз даргузашти Муҳаммад (с) дар давраи хилофати халифаи дуюм - Умар ва бо қарори ӯ оғоз шуд, ки мувофиқи маохизи таърихӣ, ба 16 июли соли 622 рост омад.

© AP / Hadi MizbanГород Медина в Саудовской Аравии, архивное фото
Ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с) : оғози таърихи нав дар ҷаҳони Ислом - Sputnik Тоҷикистон
Город Медина в Саудовской Аравии, архивное фото

Шаби ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с) ба рӯзи 26 октябри соли 2019 баробар аст. Соли 2019 мувофиқи солшумории ҳиҷрии шамсӣ соли 1397-1398 ва мувофиқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ соли 1436-1437 мебошад.

Дар Мадина ба Ҳазрати Муҳаммад (с) даст дод, ки мардуми зиёдро мусалмон кунад. Пас аз чанде ҳатто паёмбар бо ҳамроҳии ёронаш ба Макка лашкар кашида, онро ҳам ба худ тобеъ кард. Ашрофони қурайшиҳои Макка илоҷи дигар наёфта, ба Муҳаммад (с) пайғамбар таслим шуданду се талаби худро бар ивази қабули дини Ислом, ироа карданд.

  • Шаҳри Макка маркази дини ислом бошад.
  • Хонаи Каъба ва Санги Сиёҳ муқаддасоти ислом эълон карда шаванд.
  • Зиёрати Макка, ё худ адои маросими ҳаҷ барои ҳар як мусулмон ҳатмӣ гардад.

Пайғамбари ислом ин пешниҳодоти қурайшиҳоро қабул кард. Баъди ин қурайшиҳо ва қабилаҳои дигари Макка дини исломро қабул намуданд.

© © КСА 1Хадж в Мекку
Ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с) : оғози таърихи нав дар ҷаҳони Ислом - Sputnik Тоҷикистон
Хадж в Мекку

Дини исломро қабул кардани мардуми Макка ғалабаи муҳимтарини Муҳаммад ва ёрони ӯ - муҳоҷирҳо, ансорҳо ва умми мусулмонон буд.

Шаби ҳиҷрат чигуна таҷлил мешавад

Шаби ҳиҷрати паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷаҳони ислом чун ҷашн таҷлил намешавад. Балки дар ин рӯз мусалмонон дар масҷидҳо ва ҷамоатхонаҳо ҷамъ омада дар бораи зиндагии пурибрати паёмбари Худо меомӯзанд ва дар ҳаққи Ҳазрати Муҳаммад (с) ва аҳли байти ӯ дуо мекунанд.

Ҷашнвораи Қуръон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнвораи Қуръон ва намоиши мӯи мубораки Ҳазрати Муҳаммад (с) дар Маскав

Ҳиҷрат дар дини ислом чӣ рухдоде ҳаст

Хусусияти фарқкунандаи дини ислом, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки пайғамбари баргузидаи он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) шахсияти воқеии таърихӣ буда, тамоми  зиндагиномаи ӯ дар китобҳои сершумори сирату ансоб, таърихнома ва тафсирҳову маҷмӯаи аҳодис возеҳу равшан баён гардидааст.

Ҳиҷрати Ҳазрати паёмбар (с) дар таърихи дини Ислом рухдоди муҳим аст. Ҳиҷрати паёмбар анҷоми давраи ҷоҳилият, ки давраи пеш аз ислом буд, ба ҳисоб меравад.

Нахустин бор мусалмонон соҳиби давлат бо марказаш дар шаҳри Мадина гардиданд. Арабҳо ҷанги ҷидоли миёни қабилаҳоро як сӯ гузошта ба парастиши Худои ягона оғоз карданд ва дини Ислом дар Шарқи Наздик ва баъдтар дар Осиё ва дигар манотиқи ҷаҳон паҳн шуд.

Лентаи хабарҳо
0