Мотами мусалмонон: Ҳазрати Муҳаммад (с) чигуна даргузашт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМусульмане идут в Мечеть
Мусульмане идут в Мечеть - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи реҳлати паёмбар Ҳазрати Муҳаммад (с) , барои мусалмонони ҷаҳон рӯзи мотам ва ёдошт аз шахсияти поки дини Ислом аст

Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) дунёро нисфирӯзии рӯзи душанбеи 28-уми моҳи сафар, соли 632 тарк кард. Соли 2019 рӯзи марги Ҳазрати Муҳаммад (с) ба рӯзи 27 - уми октябр рост меояд. Ин рӯз мусалмонони ҷаҳон аз зиндагии ибратомӯзи паёмбари Худо ёд мекунанд ва дар ҳаққи ӯ ва аҳли хонаводааш дуо мехонанд.

Номи пурраи паёмбар

Абулқосим Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманноф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурра ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиб ибни Фаҳр ибни Молик ибни Назр ибни Кинона ибни Хузайма ибни Мудрика ибни Илёс ибни Музар ибни Низор ибни Муъад ибни Ъаднон.

Зиндагиномаи Ҳазрати Муҳаммад (с)

Муҳаммад (арабӣ:محمد‎) "Салаллоҳу Алайҳи ва Салам" 20 апрели соли 570 дар шаҳри Макка таваллуд ёфтааст. Вай аз рӯйи насаб ба қабилаи қурайшиҳо, ба авлоди ашроф мансуб буд. Падараш Абдуллоҳ, набераи Ҳошим, тоҷири хурде буд ва ду моҳ пеш аз мавлуди писар аз дунё реҳлат кард. Пас аз шаш сол модараш Омина, зодаи шаҳри Мадина, низ зиндагиро падруд гуфт.

Верблюды в пустыне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с) : оғози таърихи нав дар ҷаҳони Ислом

Тарбияи Муҳаммад (с)-ро аввал бобояш Абдулмуталлиб, сипас амакаш Абутолиб ба зимма гирифтанд. Ҳанӯз дар айёми наврасӣ амакашро дар корҳои тиҷоратӣ ба Сурия ҳамроҳӣ кардааст. Ва ҳамон вақт дар Басра, аз рӯи ривоятҳо, роҳибе бо номи Баҳир (Сархиш) ояндаи бузургашро ба ӯ пешгӯӣ намудааст.

То 24-солагӣ, Муҳаммад (с) дар хизмати амакҳояш буд, баъд коргузор шуд. Ҳангоми хизмат дар байни ҳамқабилаҳояш бо покӣ, баимонӣ, хушкорӣ ва бовиҷдонӣ маъруфият ёфт ва аз ин рӯ ӯро Амин мехонданд.

Соли 594 Хадича - зани беваи бадавлат, хеши дури Муҳаммад (с), духтари Хувайлид, набераи Абдуманоф ба ӯ назари илтифот андохту коргузори молу мулки хеш таъин кард. Муҳаммад (с) корвони Хадичаро ба Сурия бурд ва бо фоидаи зиёд баргашт. Соле баъд тӯйи хонадории онҳо баргузор шуд. Он замон Хадича чил сол дошт. Муҳаммад (с) биступанҷсола буд.

Издивоҷ ҳаёти онҳоро рангин сохт. Вале се писаре, ки Хадича таваллуд кард, дар айёми тифлӣ оламро падруд гуфтанд. Духтаронашон Зайнаб, Руқия, Умми Кулсум ва Фотима ба воя расиданд.

Духтари охирин ҳангоми 51-солагии Хадича ба дунё омад, баъди ин ӯ боз 13 соли дигар зиндагӣ кард. Муҳаммад (с) аз чилсолагӣ гузашт. Ҳаёти шахсиаш мӯътадил буд. Ӯ мисли ҳарвақта завҷаашро дӯст медошт. Духтари калонӣ ба шавҳар баромадаву дуюмӣ фотиҳа шуда. Ба Алӣ (Разиаллоҳу Анҳу), писари амакаш Абутолиб ва ба писархондаш Зайд ибни Ҳориса (Разиаллоҳу Анҳу) меҳри беандоза мепарварид. Зайд ғулом ва масеҳӣ буд. Муҳаммад (с) ӯро озод намуд ва писархонд гирифт. Ҳамаи наздикону ҳамсӯҳбатон Муҳаммад (с)-ро барои некию накӯкориаш дӯст медоштанд. Сарвати завҷааш ӯро аз ташвишҳои зиндагӣ раҳоӣ бахшид. Вай метавонист бо фароғат ҳаёташро идома бахшад, агар ваҳӣ намеомад.

Нузули ваҳй

Аз рӯи ривоятҳо Муҳаммад (с) ҳар сол моҳеро дар кӯҳи Ҳиро, наздикии Макка, дар танҳоӣ, банди андешаҳо сипарӣ мекард.

Ақли гиро, заковати беҳамтояш он донишҳоеро, ки аз зиндагии ҳаррӯза мегирифт, ҳазм менамуд ва меомӯхт. Дар ниҳоди ӯ (с) ақидае устувор мегашт, ки бутҳои берӯҳу беқувват худои онҳо нестанд, Худои ҳақиқӣ ягона аст, бузургу беҳамтост, бар болои ҳама ва барои ҳама.

Худо ҳақиқати худ ва иродаи хешро ба мардуми гуногун ба воситаи паёмбаронаш ирсол медорад, вале арабҳо худоро намедонанд, зеро эътиқод ба Иброҳим (а)-ро фаромӯш кардаанд ва ба назди онҳо паёмбари Худо низ наомадааст, то ки хотиррасон намояд аз вуҷуди Аллоҳ. Дар моҳи Рамазони соли 610 (ё 612), ҳангоми сайру гашти ҳарсолаи одатиаш ӯ (с) ба ғоре медарояд. Аз пиёдагардӣ ва фикру андешаҳои зиёди беҳосил хаста шуда буд. Аз ин рӯ, дар гӯшае ҷой мегирад ва хобаш мебарад. Ва баъд... Чунин ҳикоят мекунад худи Муҳаммад (с):

Ҷашнвораи Қуръон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнвораи Қуръон ва намоиши мӯи мубораки Ҳазрати Муҳаммад (с) дар Маскав

"Нохост дар хоб ҳис намудам, ки касе ба ман наздик омад ва гуфт: бихон! Гуфтам: не! Он гоҳ вай чунон тазъйиқам дод, ки хаёл кардам, мемирам ва такрор намуд: бихон! Боз рад кардам, дуюмбора фишурд ва ман ин суханонро шунидам: "(Ай Расули худо бархезу Қуръонро) ба номи Парвардигорат, ки Худой офаринандаи олам аст, бар халқ қироат кун. Он Худое, ки одамиро аз хуни баста биофарид. Бихон!Парвардигори ту каримтарини каримони олам аст. Он худое, ки башарро илми навиштан ба қалам омӯхт ва ба одам он чиро, ки намедонист, ба илҳоми худ таълим дод" (Сураи XCVI, 1-5). Вақте ки инро хондам, падида дур шуд ва ман бедор гаштам. Ва ман ҳис намудам, ки ин гуфтаҳо дар дилам абадӣ нақш бастаанд".

Муҳаммад (с) бо як ҳаяҷони зиёде ба хона баргашт. Хадича бо диққат ва бо боварии том нақли ӯ (с)-ро шунид. Варқа, хеши Хадича, ки ба ин муносибат даъват шуда буд, гуфт: "Эҳтимол гапат рост аст. Эй Хадича, шояд ба ӯ Номуси Акбар (Ҷабраил) омадааст, оне, ки ба Мӯсо (а) меомад ва дар ин ҳол Муҳаммад (с) паёмбари ин уммат хоҳад шуд".

Баъди ин ба Муҳаммад (с) чизе рӯй надод, вале ӯ шояд ҳодисаеро интизорӣ мекашид, аз ин рӯ, боз ба бодия рафт, ҳарчанд вақташ ҳанӯз нарасида буд. Дар кӯҳ танҳо қадам зад, андӯҳи гарон ба қалбаш тазйиқ меовард, барои аз ғусса раҳоӣ ёфтан тайёр буд, ки аз шахи баланде ба поён биҷаҳад. Нохост тобиши ҳайратангези илҳоми ваҳӣ ӯро фаро гирифт, рӯҳан ором шуд. Ба хона баргашт, ҷисмаш хаста буду дарақ-дарақ меларзид. Дар боғча рӯи фарш хобид ва хоҳиш намуд, ки ба болояш ҷомае партоянд. Ва ҳамон замон чунин суханонро шунид:

"Ало, ай Расуле, ки худро бо либоси (ҳайрат ва фикрат) печидаӣ. Бархез ва халқро худотарс гардон. Ва Худоро ба бузургӣ ва кибриёӣ ёд кун. Ва либос (ҷону тан)-ро аз ҳар айб ва олойиш пок ва покиза дор. Ва аз нопокӣ (бут ва бутпарастон) ба куллӣ дурӣ гузин. Ва ба ҳар кӣ эҳсон кунӣ, абадан миннат магузор. Ва (ҳар чй дар таблиғи рисолат аз халқ озор бинй,) барои Худо сабру шикебой пеш гир". (Сураи LXXIV, 1-7)

Дар Маскав намоиши Васиятномаи аздастрафта намоиш дода шуд - Sputnik Тоҷикистон
"Васиятномаи аздастрафта" дар шаҳри Маскав намоиш дода шуд

Баъди ваҳйи дуюм Муҳаммад (с) ба паёмбари Худо буданаш мӯътақид гашт ва баҳри иҷрои супоришҳои аз осмон нозилшуда пардохт. Ҳарчанд Муҳаммад (с) ба падида аҳамияти беандоза медод, барояш чизи асосӣ ҳамон ваҳӣ, яъне Қуръон буд.

 

Дини Ислом рӯз ба рӯз рушд меёфт. Дарсоли 617 Қурайшиҳо бо мусалмонон ҳамаи доду гирифтро қатъ намуданд.

Соли 619 Хадича, баъди чанд ҳафтаи дигар Абутолиб аз дунё реҳлат карданд. Зиндагй дар Макка ба мусалмонон, ки таъқиб мешуданд, танг гашт.

Муҳаммад (с) бо умматонаш ба Ясриб ҳиҷрат намуд. Дар ин шаҳр муттасил одамон гурӯҳ-гурӯҳ ба ислом мегаравиданд.

Ҳазрати Муҳаммад (с) чигуна даргузашт

Охири соли 629, аввали соли 630 Муҳаммад (с) ба Макка баргашт.

Наздик шудани сафари охиратро Муҳаммад (с) эҳсос намуд. Моҳи марти соли 632 бо 14 ҳазор мусалмон маросими Ҳаҷро ба ҷо овард, дар назди ҳозирин ваъз гуфт ва бо овози баланд таъкид кард, ки вазифаашро ҳамчун Паёмбари Худо ба ҷо овард.

8 июни соли 632 ба масҷид омад, бо намозгузорон видоъ намуд, баъди чанд соат дар рӯи дасти завҷаи маҳбубаш Бибӣ Оиша, духтари Абубакр, аз олам чашм пӯшид.

Муҳаммад (с) дар Мадина маъвои абадӣ ёфт ва оромгоҳаш зиёратгоҳи мусалмонон гаштааст.

Мотами мусалмонон ё ёди хайр

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар байни паёмбарон ҷоизаи баландро дорад ва барои ин яке аз тафсифи ӯ —Ҷаноби Пайғамбарон аст. 

Хусусияти фарқкунандаи дини ислом, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки пайғамбари баргузидаи он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) шахсияти воқеии таърихӣ буда, тамоми  зиндагиномаи ӯ дар китобҳои сершумори сирату ансоб, таърихнома ва тафсирҳову маҷмӯаи аҳодис возеҳу равшан баён гардидааст.

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар тӯли ҳаёташ аз адои вазифаи бузурги бардӯшдоштааш ба хубӣ баромад. То реҳлати Ҳазрати паёмбар (с) тамоми нимҷазираи Арабистон дини Исломро қабул кард.

Пайравони паёмбар дини яккахудоиро пас аз сари паёмбар ба манотиқи Осиё Африқо ва Уорупо паҳн карданд. Пас аз чанде дини Ислом бонуфузтарин дини дунё ба ҳисоб гирифта шуд.

Оё рӯзи вафоти паёмбар бояд мотам гирифт? Роҳи инсони хокӣ дар рӯи замин кӯтоҳ аст ва Ҳазрати Муҳаммад (с) умри бобаракати худро ба нафъи кулли башарият сипарӣ кард. Рӯзи даргузашти Ҳазрати Муҳаммад (с) -ро хубтар дар танҳоӣ - бо қироъати ояҳои қуръонӣ бо гузоштани намоз, дуохонӣ ва ёдоварӣ аз зиндаги Ҳазрати маҳбуб сипарӣ кард.

Маъмулан дар ин рӯз мусалмонони ҷаҳон дар масҷидҳо аз зиндагии ибратомӯзи паёмбари Худо ёд мекунанд ва дар ҳаққи ӯ ва аҳли хонаводааш дуо мехонанд.

Бигзор муҳаббат ба Худо ва эҳтироми паёмбари ӯ Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳар як мусалмонро дар дунёву охират хонаобод гардонад!

Лентаи хабарҳо
0