17:58 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон, акс аз бойгонӣ

Раиси Хатлон дар Норак арзи шаҳрвандонро шунид

© Госкомитет по земельному управлению РТ
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Норак қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор кард

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, ба Қарбон Ҳакимзода нафақагир Қурбоналӣ Юсупов аз маҳаллаи Тутқавули ҷамоати деҳоти “Пули сангин”, муроҷиат карда, хостори ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони чойхона шуд.

Манбаъ афзуд, корманди НБО “Роғун”, сокини маҳаллаи Дӯстӣ Зайнулло Сафаров доир ба эҳтиёҷаш ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, директори МТМУ №4 аз Ҷамоати деҳоти “Пули сангин” Абдуғаффор Содиқов оид ба азнавсозии бинои муассисаи томактабӣ, раиси хоҷагии деҳқонии “Бобӣ” Садриддин Сайфуддинов оид ба ташкил намудани нуқтаҳои хизматрасонии техникии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” барои пешбурди корҳои кишоварзӣ, раиси кумитаи маҳаллаи Навдеҳи Ҷамоати деҳоти “Дӯконӣ” Мирзомиддин Назиров доир ба барқарор намудани пули дар ҳолати садамавӣ қарордошта, мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Норак Далер Тағоев оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба муҳоҷирони экологӣ, корманди НБО “Норак” Алӣ Ҷобиров оид ба сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва азнавсозии бунгоҳи тиббӣ, корманди НБО “Норак” Рустам Давлатов оид ба ҳуҷҷатгузории заминҳои Сари гузар масъалагузорӣ намуда, аз раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода хостори мусоидат ба ҳалли ин муаммоҳо шуданд.

Ҳакимзода дар пайи шунидани арзи шаҳрвандон ба масъулини шаҳри Норак ва ниҳодҳои дахлдори вилоятӣ барои ҳалли мушкили шаҳрвандон дастур дод.

Раиси вилоят инчунин зимни суханронӣ ба масъулину фаъолони шаҳри Норак ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои бунёдкориву созандагӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ маслиҳатҳо додаст.  

Мавзӯъҳои асосӣ