13:51 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Газеты с объявлениями о вакансиях, архивное фото

Пас аз барканориҳо дар Бадахшон: Кумитаи андоз коргар меҷӯяд

© Sputnik / Валерий Мельников
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
514 0 0

Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар идораи андози ВМКБ ва чанд навоҳии дигар, эълон нашр намудаст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Кумитаи андоз барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар идораи андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чанд навоҳии дигар эълон нашр намудаст, хабар медиҳад агнетии ТоҷикТа. 

Бар хабари манбаъ, кумитаи мазкур аз эълони 75 ҷойи холӣ дар идораҳои андози Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хабар додаст.

Эълони озмун барои ишғоли ду вазифа дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Дар вебгоҳи Кумитаи андоз гуфта мешавад, ки ҷойҳои холии корӣ дар дастгоҳи марказии кумита ва инчунин дар мақомоти андози ВМКБ ва нозироти андоз дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҷойгиранд.

"Аз ҷумла, Кумитаи андоз ба 7 корманд дар Маркази коркарди маълумотҳо ва ҳамзамон ба худи роҳбари нави ин марказ ниёз дорад", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Гузашта аз ин, Кумитаи мазкур мутахассисони варзида  дар мақомоти андози ВМКБ ва дар нозироти андози шаҳрҳои Хоруғ, Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва инчунин ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Роштқала, Мурғоб, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор, Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ ва Шаҳринавро мекобад.

Барчаспҳо:
Бадахшон, кумитаи андоз, эълони ҷои кор

Мавзӯъҳои асосӣ