08:10 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15

Боздошти сардори шӯъбаи БДА ва муовини ӯ: талаби 5 ҳазор сомонӣ аз ронандаи маст

© Sputnik / Алексей Сухоруков
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
608800

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ва муовини ӯ барои гширифтани пора аз як ронандаи маст ба даст афтоданд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Сардор ва муовини Шӯъбаи БДА дар вилояти Хатлон барои гирифтани ришва аз як ронандаи маст дастгир шудаанд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".

Манбаъ бо такя ба маълумоти Раёсати агентии зидди фасод хабар медиҳад, ки сардор ва муовини ӯ барои талаби 5 ҳазор сомонӣ ба сифати пора аз як ронандаи маст ба даст афтоданд.

“Чор ҳазор доллар пора гирифт”: фармони Президент дар бораи Рухшона Раҳмонализода

Гуфта мешавад, феълан дар нисбати кормандони бозрасӣ тибқи моддаи 319 қисми 3 - и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Зимнан, сардори собиқи ШБДА дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Самадзода Ҷонмаҳмад, ки барои гирифтани 5 ҳазор сомонӣ ба сифати пора гумонбар дониста мешавад, феълан аз вазифа барканор ва бо шарти берун нарафтан аз макони зист дар озодӣ аст.

Боздошти додраси ноҳияи Сино: барои ҳалли баҳси шаҳрвандӣ 4000 доллар талаб намуд

Самадзода ба сомонаи "Фараж" изҳор намудаст, ки ҳамаи иттиҳомот алайҳи ӯ беасос ҳастанд ва мушкил дар асоси баёноти ду нафари барояш ношинос эҷод шудааст.

Барчаспҳо:
ришва, БДА, сардор, боздошт

Мавзӯъҳои асосӣ