03:36 15 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.73
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1156 0 0

Яке аз овозхонони машҳуртарини шабакаҳои иҷтимоӣ Фирӯза Ҳафизова бо образи нави худ ҳамвандонашро шигифтзада кард

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Фирӯза Ҳафизова дар саҳифаи Instagram - и худ аксеро бо мӯйи ранги зард нашр карда, аз намоҳанги наваш хабар додааст. Ин акс баҳси гармеро дар шабакаҳо барангехт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

фото - сессия 2020 ⭐ #душанбе 🇹🇯 #точикистон #music @veronica_yatsina @artdrobyshev

Публикация от 𝐊𝐎𝐑𝐎𝐋𝐄𝐕𝐀 👑 𝐈 (@firuzakhafizova.official)

Бархе аз мухлисонаш ӯро ба сарояндаҳои машҳури эронӣ Гугуш ва Лайло монанд карда, аз образи нави сароянда истиқбол кардаанд. Гурӯҳи дигаре ҳам бо баёни эътироз навиштаанд, ки симои худии сароянда зеботар аст ва ӯ ниёз ба дигаргунӣ надорад.

Шарҳи Додситонии кулл аз ҷарима шудани Фирӯза Ҳафизова пас аз ду моҳ

"Зебо будед ва боз ҳам зеботар шудед", - навиштааст корбар.

"Ба Гугуш монанд шудед", - қайд кардааст, ҳамванди дигаре ва чанде ҳам Фирӯзаро ба Лайло Фурӯҳар монанд кардаанд.

Садқаи сари 5 ҳазор сомонӣ: шарҳи Фирӯза аз ҷарима ва изҳори сипос ба "душманон" - Навор

Худи Фирӯза дар наворе, ки дар Тошканд сабт шудааст, дар бораи образи нави худ нақл карда аз сабти намоҳанги нав хабар медиҳад.

"Корҳои нави моро интизор бошед", - мегӯяд Фирӯза.

Видеои рақсу суруд дар зодрӯзи Фирӯза Ҳафизова, суд ва суҳбати муфаттиш аз қонуншиканӣ

Фирӯза яке аз машҳуртарин овозхонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ба гуфти овозхон ӯ барои интернети худ дар як моҳ беш аз 1000 сомонӣ масраф мекунад.

Феълан ба саҳифаи Фирӯза Ҳафизова дар Instagram 350 ҳазор кас обуна шудааст. То имрӯз, Фирӯза дар саҳифааш 693 аксу видео нашр кардааст.

Барчаспҳо:
Гугуш, нав

Мавзӯъҳои асосӣ