16:11 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Мясо на рынке, архивное фото

Иқдоми ҳукумат барои поин овардани арзиши гӯшту шир дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас Этвеш
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
134710

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири коҳиш додани арзиши маводи хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт ва шир иқдоми нав рӯи даст гирифтаст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Сар аз якуми январ дар Тоҷикистон ба  воридкунандаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ имтиёзҳои бештар дода мешавад, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Бар хабари манбаъ, ҳукумат барои коҳиш додани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст ба воридкунандаҳои  маҳсулоти хӯрокворӣ имтиёзҳои ҷадид пешниҳод намояд.

Аз ҷумла гуфта мешавад, ки воридкунандаҳои чорвои хушзот ва чорво барои гӯшт ба Тоҷикистон  ба чунин имтиёзҳо соҳиб хоҳанд шуд.

Ба замми ин аз 1-уми январ воридоти ҳама гуна навъҳои хӯроки чорво аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд”, - қайд кард манбаъ.

Гӯшт арзон мешавад: бо супориши Эмомалӣ аз Белорус 300 тонна гӯшт меоранд

Қобили зикр аст, ки аз нимаи соли равон нархи гӯшт, орд ва маснуоти ордӣ дар Тоҷикистон боло рафт.

Охири моҳи август, ки гӯшт 38-40 сомонӣ нарх дошт, айни замон бо арзиши 52-55 сомонӣ фурӯхта шуда, нархи як халта орд аз 170 сомонӣ ба 220 сомонӣ расид. Арзиши як литр шир дар Душанбе давоми ним сол 1,5 сомонӣ боло рафта, феълан 5 сомонист.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл раиси шаҳри Душанбн Рустами Эмомалӣ ба хотири таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ аз гӯшти хушсифату арзон супориши қатъӣ дода буд.

Гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон аз зарари гӯшт

Бо супориши шаҳрдори Душанбе, корхонаи воҳиди давлатии "Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия"-и шаҳри Душанбе аз ширкатҳои Беларус —  "Комбинати гӯшти Слонимск" ва "Комбинати гӯшти Слутск" ба ҷумҳурӣ 300 тонна гӯшти чорвои калон ворид менамояд.

Гуфта мешавад, айни замон  ба пойтахт 20 тонна гӯшти гов оварда шуда, минбаъд низ марҳила ба марҳила воридоти он меафзояд.

Барчаспҳо:
шир, гӯшт, иқдом, ҳукумат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ