Супориши Рустами Эмомалӣ: муовинон ва раисони ноҳияҳои пойтахт навбатдор меистанд

Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раисони чаҳор ноҳияи пойтахт ва муовинони онҳоро муваззаф намудаст, ки минбаъд бевосита худашон навбатдор меистанд ва ба мушкили сокинони шаҳр саривақтӣ расидагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, навбатдорон ба ҳалли фаврии мушкилоти сокинони шаҳр вобаста ба интиқоли барқу гармӣ дар мавсими зимистон ва дигар ҳолатҳои фавқулода вазифадор шуданд.

Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Қарори нави шаҳрдори Душанбе: Wi-Fi - ро “Smart city” назорат кунад

Навбатдории шабонаи муовинони шаҳрдор ва раисони ноҳияҳои пойтахт то охири моҳи марти соли 2020 идома меёбад.

"Навбатдорон ба ҳалли мушкилоти сокинони шаҳр, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, шахсан масъуланд", - таъкид дошт манбаъ.

Муроҷиат ва арзу шикоятҳои сокинони шаҳр ба навбатдорон бо телефонҳои 223-22-14 ва 221-26-95 қабул карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни як қарор тартиби танзими кори интернети Wi-Fi дар ҳудуди пойтахтро маълум кард.

Қарори нави Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид

Дар ин қарор, ки  рӯзи 15 ноябри соли равон ба тасвиб ва дар сомонаҳои расмии шаҳрдории Душанбе пахш шудааст, ҳадаф “ҳифзи амнияти иттилоотӣ, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва беҳтаргардонии хизматрасонӣ ба истифодабарандагони шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе” унвон шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт нуқтаҳои ироаи Wi-Fi худро фароҳам кардаанд, ки маъмулан як гуна имтиёздиҳӣ ба муштариёни онҳо ва ройгон аст.

Лентаи хабарҳо
0