01:28 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Амнистия заключенных в Согдийской области

Ҷои кор ҳаст, вале аксар авфшудаҳо намехоҳанд. Чаро?

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
354 0 0

Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд теъдоди кофии ҷои корӣ, барои авфшудаҳоро фароҳам овардаанд, вале кам андар ками онҳо, барои дарёфти ҷои кор ба мақомот муроҷиат кардаанд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Абурайҳон, Абдураззоқов муовини сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Суғд гуфт, бо гузашти як моҳ аз татбиқи Қонуни авф, ҳамагӣ 434 авфшуда барои дарёфти ҷои кор ба онҳо муроҷиат кардааст. Аз ин шумор баъзеи онҳо соҳиби ҷои кор шудаанд.

"Ба ҳолати аввали моҳи декабр 13 нафар аз шумори муроҷиаткунандаҳо бо ҷои корӣ таъмин карда шудаанд. Ғайр аз ин 44 нафар худашон ҷои кор дарёфт кардаанд. 2 нафарро, ки хоҳиши касбомӯзӣ доштанд, ба курсҳои ҳунармомӯзӣ ҷалб намудем", - гуфт Абдураззоқов.

Бар асоси Қонуни авф, ки 25-уми октябри соли ҷорӣ қабул карда шуд ба ҳисоби ҳазорҳо сокинони кишвар, 1430 сокини вилояти Суғд ҳам аз маҳбасхонаҳо ба озодӣ баромаданд. Дар ин замина, барои мутобиқ шудани ҳамаи маҳбусон ба зиндагии маъмулӣ ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо, мақомотҳои расмӣ квотаи ҷойи кории холӣ таъсис додаанд.

Абурайҳон Абдураззоқов, муовини сардори Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Суғд мегӯяд, ҳоло беш аз 2,5 ҳазор ҷои корӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию комуналӣ, роҳсозӣ ва дигар ташкилоту идораҳо фароҳам оварда шудааст, ки аз 400 то 1700 сомонӣ маошро дар назар дорад, вале бо ин вуҷуд бештари авфшудагон хостори кор карданро надоранд.

"Ман ҳоло саломатиам хуб нест, баъдтар кор мекунам. Аввал бояд табобат гирам гуфта, корро қабул надоранд", -  иброз дошт Абдураззоқов.

Боз беш аз 700 нафари дигар аз зиндонҳои шаҳри Бохтар ва ноҳияи Дӯстӣ озод шуд

Ин масъули Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Суғд гуфт, бисёре аз авшудагони муассисаҳои ислоҳӣ бештар барои дарёфти кӯмакпулӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд, то дарёфти ҷои кор.

Бо гузашти як моҳ аз татбиқи Қонуни авф, ба 395 авшудаи сокинони Суғд мақомот кӯмакпулӣ таъин кардаанд.

Кӯмакпулӣ баробар ба маоши ҳадди ақал, барои 3 моҳ, ҳар моҳ 400 сомонӣ дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Масчоҳ аз таъмин шудани 18 авфшуда бо ҷои кор дар як корхонаи саноатӣ хабар медиҳанд.

Зимнан, ба гуфтаи мақомот 75 нафар аз теъдоди 1434 нафари авфшудаҳо дар Суғд бо ҷои корӣ таъмин шудаанд, ки 5 дарсад арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Суғд ҳоло шумори корҷӯён ба беш аз 9000 нафар расидааст, ки ин шумор назар ба 8,5 ҳазор нафари моҳи октябр бештар шудааст.

Масъулин мегуянд, шумори корҷӯён аз ҳисоби хатмкунандаҳои курсҳои касбомӯзӣ, аскарон, авфшудагон ва ҳам бозгашти муҳоҷирон бештар шудааст.

Барчаспҳо:
Суғд, авф, кор

Мавзӯъҳои асосӣ