18:50 19 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
317 0 0

Дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд дасти кам 35 тонна маҳсулоти хӯрока ва дорувории пастсифат сӯзонида шудааст

ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Маъмури Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд бо тасдиқи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин миқдор маводи ниёзи мардум аз ҷониби сохторҳои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, дар ҳоле маҳв карда шудааст, ки истеъмоли онҳо барои саломатӣ хатарзо будааст.

Ба гуфтаи Юсуфзод 35 тон маҳсулоти маҳвшуда иборат аз маводи хӯрока аз қабили кулчақанду ҷурғот ва шарбатҳои сабзиҷот ва ҳам маводи доруворию кимёвию шустушӯӣ будаанд, ки ба далели ҷавобгу набудан ба талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ аз мағозаву марказҳои шаҳр  мусодира шудаанд.

Саида Умарзода аз ошкори маҳсулоти пастсифат ва доруҳои мӯҳлатгузашта эълон кард

  • Маҳви молу маҳсулоти пастсифат дар Хуҷанд
    акс аз саҳифаи сухангӯи шаҳри Хуҷанд
  • Маҳви молу маҳсулоти пастсифат аз Хуҷанд
    акс аз саҳифаи сухангӯи шаҳри Хуҷанд
1 / 2
акс аз саҳифаи сухангӯи шаҳри Хуҷанд
Маҳви молу маҳсулоти пастсифат дар Хуҷанд

"Дар давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд беш аз 24 ҳазор киллограмм маводҳои хӯрокаи пастисифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва нигоҳдошти молу маҳсулот мусодира карда шуданд”, афзуд Юсуфзод.

Бино ба гуфти сардори дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд, ин ҳама маҳсулоти пастсифатро тибқи хулосаи суд, рӯзи 7-уми декабр мақомоти дахлдор дар минтақаи партовҷамъкунии Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан несту нобуд намуданд.

Дар ҳоле аз сӯзондани 35 тон маҳсулоти бесифат хабар дода мешавад, ки чанде пеш Пардазода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд оиди иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук низ дар ҷаласае аз боздошти 60 тона равғани пастсифат иттилоъ дода буд.

Ин масъули прокуратураи Суғд иброз намуд, ки ин миқдор равғанро, ки аз Узбакистон ба вилояти Суғд ворид шудааст, бо сабаби пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок буданаш, кормандони идораи гумрук дубора ба соҳибони мол ба ин кишвари ҳамсоя бозпас (реэкспорт) кардаанд.

"Зимни санҷишҳои мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои назоратӣ дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ 186, 2 тонна ё ба маблағи 2, 7 милион сомонӣ моли пастсифат ва истеъмолаш барои саломатӣ хатарнок ошкор шудааст”, иброз намуд, Пардазода.

Пардазода Муҳаммадалӣ гуфт, зимни санҷишҳои мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои назоратӣ дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ 186, 2 тонна ё ба маблағи 2, 7 милион сомонӣ моли пастсифат ва истеъмолаш барои саломатӣ хатарнок ошкор шудааст.

Дафъаҳои охир, хабарҳо дар хусуси ба муомилот роҳ додани маҳсулоти пастсифати муҳлати истеъмолашон гузашта дар бозорҳои Тоҷикистон зиёд паҳн мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ