22:06 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
525 0 0

Котиби матбуоти ҳукумати Хуҷанд, ҳамчунин феҳристи ҳуҷҷатҳои лозимиро мушаххас кардааст, ки пешниҳод кардани онҳо барои ҳар як иштирокчӣ ҳатмӣ будааст

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.  Хукумати шаҳри Хуҷанд барои ишғоли як мансаби холимонда озмун эълон кардааст. Маъмур Юсуфов, котиби матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз эълони озмуне хабар додааст, ки довталабон метавонанд барои ишғоли мансаби холимондаи сармеъмори Хуҷанд иштирок варзанд.

Бо нашри ин эълон, Юсуфов шарт ва талаботи озмун барои довталабон шарҳ додааст, ки аз инҳо иборат мебошад. “

"Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.Довталаб бояд соҳаи шаҳрсозӣ ва меъмориро хуб донад. Бо технологияи нави шаҳрсозӣ шинос бошад, бо компутер ва интернет кор карда тавонад. Аз донишҳои муосири меъморӣ бархурдор бошад. Дасту дили пок ва нияти неки саҳмгузорӣ дар рушди шаҳрсозӣ дошта бошад”.

Котиби матбуоти ҳукумати Хуҷанд, ҳамчунин феҳристи ҳуҷҷатҳои лозимиро мушаххас кардааст, ки пешниҳод кардани онҳо барои ҳар як иштирокчӣ ҳатмӣ будааст.

Ин ҳуҷҷатҳои муҳими пешниҳодшаванда: ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ,  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона сурат акси андозаи 3х4), тарҷумаи ҳол, нусхаи шиноснома, нусхаи шаҳодатномаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда, маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038, маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк, маълумотнома оид ба доғи судӣ, нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати харбиро адо намудаанд), иборат будаанд.

Бар пояи эълони нашршуда қабули ҳуҷҷатҳои довталабони мансаби сармеъмор дар ҳукумати Хуҷанд сурат гирифта, муддати 21 рӯз идома мекунад.

Пас аз барканориҳо дар Бадахшон: Кумитаи андоз коргар меҷӯяд

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ мансаби сармеъмор дар ҳукумати Хуҷанд сар аз моҳи август ба ин тараф холӣ аст.

Қаблан ин вазифаро Фахриддин Умаров то замони раиси маҳаллаи ба номи Содирхон Ҳофиз таъин шуданаш бар уҳда дошт. Умаров бо қарори Раиси шаҳр рӯзи 5-уми август соли 2019 раиси маҳаллаи Содирхон Ҳофиз таъин шуда буд.

Барчаспҳо:
кор, озмун, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ