05:12 06 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
83 0 0

Рӯзи шонздаҳуми декабр дар  Баҳрайн — Иди миллӣ буда дар Қазоқистон – Рӯзи истиқлол ва дар Бангладеш – Рӯзи ғалаба мебошад

Рӯзи 16 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1899 клуби футболи "Милан" таъсис ёфт.

Соли 1958 кишварҳои Паймони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ талаботи Иттиҳоди Шӯравиро барои аз Берлин баровардани ҳамаи низомиён ва "шаҳри озод" эълон кардани он рад намуданд.

Соли 1966 Шӯрои амнияти СММ ҷорӣ намудани як қатор таҳримҳоро бар зидди Родезия (Зимбабвеи муосир) ба тасвиб расонид.

Соли 1970 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳкими амнияти байналхалқӣ декларатсия қабул намуд.

Соли 1972 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони "Дӯстии халқҳо" таъсис дода шуд.

Соли 1991 Ҳизби Коммунистии Туркманистон  фаъолияти худро қатъ карда, аз нав ҳамчун Ҳизби демократӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 16 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1960 шаҳри Норак таъсис дода шуд.

Соли 2009 дар шаҳри Копенгагени Дания Эмомалӣ Раҳмон  дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим суханронӣ намуд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсев оид ба масоили баргузор намудани Форуми СҲШ ва таҳияи Стратегияи СҲШ барои солҳои 2020-2025 суҳбат намуд.

Соли 2013 Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум кабинаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе 2-юмин ҷаласаи навбатии байниташкилотии Гурӯҳи корӣ оид ба муносибатҳои байнибуҷавии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 декабр

  • Дар  Баҳрайн — Иди миллӣ.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Бангладеш – Рӯзи ғалаба.

Рӯзи 16 декабр кӣ ба дунё омадааст

  • Абдуллозода Файзулло (1947)- шоир.
  • Акбари Маъруф (1959)- нависанда.
  • Бечка Иржа (1915 – 2004) – шарқшиноси чех, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • Зардон Саидаҳмад (1958) – нависанда.
  • Фаршед Каримов (1949) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.
  • Ғанӣ Муллоев (1912- 1979)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • Икромҷон Неъматов (1940) – меъмор, профессор.
  • Олга Пижова (1894 – 1972) – коргардони театр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 9 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ