15:01 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Рӯзи ҳабдаҳуми декабр дар Белорус Рӯзи кино буда, дар Қазоқистон – Рӯзи энергетика ва дар  Бутан - Рӯзи миллӣ мебошад

Рӯзи 17 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1926 нахустин барӯйхатгирии аҳолӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ гузаронида шуд.

Соли 1962 Конститутсияи Монако ба амал бароварда шуд.

Соли 1965 ғафстарин шумораи "Ню-ЙоркТаймс" дар ҳаҷми 964 саҳифа ва вазни 7 килограмм нашр шуд.

Газета New York Times, архивное фото
© AP / Richard Drew
Газета New York Times

Соли 1986 дар Кембриҷ аввалин маротиба ҷарроҳии дар як вақт аз як кас ба каси дигар гузаронидани дил, ҷигар ва шуш гузаронида шуд.

Рӯзи 17 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи доимоамалкунандаи буҷавӣ баргузор гардид.

Соли 2012 дар Туркия Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2012 дар Туркия Эмомалӣ Раҳмон бо унвони доктори  фахрии риштаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Мавлоно сарфароз гардонида шуд.

Соли 2013  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи "Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ҷиҳатҳои сиёсӣ ва иқтисодию башардӯстонаи ҳамгироии АвруОсиё" конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе саҳми олимони рус дар омӯзиши таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик муҳокима карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 декабр

  • Рӯзи кинои Беларус.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи энергетика.
  • Дар  Бутан- Рӯзи миллӣ.

Рӯзи 17 декабр кӣ ба дунё омадааст

Абдуманнон Абдуллоев (1950) – доктори илми биологӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Григорий Горбунов (1929)- бутофори театр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Гулрухсор (Сафиева) (1947) – Шоираи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Моёншо Назаршоев (1929 – 1994) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Акбар Нурматов (1942) – доктори илми тиб, профессор.

Лола Пўлодова (1954) – оҳангсоз.

Ҳаким Юсуфов (1918 – 1990) – доктори илми геологӣ.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, 17 декабр

Мавзӯъҳои асосӣ