13:57 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
7210

Рӯзи бисту якуми декабр дар Малави – Рӯзи парвариши дарахтон мебошад. Соли 2009 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ислоҳи Лоиҳаи қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» баррасӣ шуд

Рӯзи 21 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1899 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи "Огонек" нашр шуд.

Соли 1901 дар Норвегия ба занон танҳо дар интихоботи маҳаллӣ ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.

Выборы, архивное фото
© Sputnik / Алексей Витвицкий
Выборы, архивное фото

Соли 1913 дар рӯзномаи "New York World" (ИМА) аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон кроссворд нашр карда шуд.

Соли 1963  шабакаи асосии телевизиони ҷамъиятии Франсия- "France-2" таъсис дода шуд.

Соли 1965 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалиро оид ба бартарафсозии ҳамаи намудҳои табъизи нажодӣ қабул намуд.

Соли 1991 дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон роҳбарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойчон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина Декларатсия оид ба таъсис додани Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба имзо расониданд.

Соли 2012 аввалин маротиба дар таърихи YouTube ва Интернет  шумораи тамошо намудани як видеоклип аз як миллиард боло рафт.

Рӯзи 21 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муҳокима гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Маскав Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ҷаласаи хосса ва сипас дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  қатъномаи "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд.

Соли 2015 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанберо, ки то даври финалии Ҷоми  КФО – 2015 баромад, дастаи соли Тоҷикистон эълон кард.

Ҷашнҳои рӯзи 21 декабр

  • Дар Малави – Рӯзи парвариши дарахтон.

Рӯзи 21 декабр кӣ ба дунё омадааст

Соли 1939 — Мавлуди доктори илми биология, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Намоз Бердиев.

Соли 1966 — Зодрӯзи олими таърихшинос, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ Маъруф Исоматов.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 17 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ