23:50 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
262 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз вилояти Хатлон ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшида, аз намоиши дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуд, хабарм медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ташкил намудаанд.

Гуфта мешавад ба ангурзори навбунёд “Пешвои миллат” ном гузошта шуд.

Ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ниҳолҳо аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шудаанд ва ба иқлими ноҳияи Хуросон, бахусус мавзеи мазкур мутобиқ мебошанд.

Таҳсини Лукашенко ба ангурпарварони "Ҳоҷӣ Неъмат" ва "Ватан"

Дар се қитъаи боғ бошишгоҳ ва парки мошинҳо ташкил гардидааст ва дар баробари муҳайё будани шароити хуб барои токпарварон, ҳамчунин онҳо бо ҳама гуна техникаву механизми кишоварзӣ таъмин мебошанд.

Барчаспҳо:
ангур, боғ, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ