12:42 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
105510

Нурбибӣ Ҳоҷиева, сокини 84-солаи дурдасттарин деҳоти ноҳияи Деваштич, аз беҳтарин соҳибкорони эҳсонкори вилояти Суғд дониста шуд

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ҳоҷиеваи бознишаста ба иттилои мақомот беш аз 105 ҳазор сомонии ҷамъовардааш аз ҳисоби нафақа ва ҳосили заминро барои сохтани ду пул дар роҳи душворгузари деҳаҳои ноҳияи Деваштич сарф кард. Ӯ барои ин хайраш соли равон беҳтарин дониста шуд.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон  дар бозори Хоруғ, акс аз бойгонӣ
акс аз саҳифаи Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи Ҳукумати ВМКБ

Озмуни соҳибкори беҳтарини соли 2019 - ро ҳукумати вилояти Суғд ҳанӯз дар ибтидои соли ҷорӣ эълон карда буд. Имсол дар ин озмун номинатсияи нав таҳти Соҳибкори беҳтарини сол дар самти саховатмандӣ ва эҳсонкорӣ ҳамроҳ карда шуд.

Дирӯз дар як маросим дар қасри Арбоби ноҳияи Б. Ғафуров, исми беш аз чиҳил соҳибкори беҳтарини соли 2019 хонда шуд, ки ҳафт нафар аз ин шумор ба унвони соҳибкори саховатпеша ва эҳсонкор муаррифӣ шуданд.

Бино ба хулосаи ҳакамони озмун, сахитаринҳо - Махсумҷонов Зайлобиддин, соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Ашт, Тӯрақулов Фарҳод, соҳибкори инфиродӣ аз шаҳри Конибодом, Лутфов Фаромарз, соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Айнӣ, Боирҷонов Мазбут, молики ҶДММ “Мабдаи Нур” аз Истаравшан, Исомаддинов Саидамон, молики ҶДММ “Амид” аз  Хуҷанд, Соҳибов Нарзулло, аз ҶСП “Сомон Суғд” дар шаҳри Хуҷанд ва Ҳоҷиева Нурбибӣ, соҳибкори инфиродӣ, аз ноҳияи Деваштич мебошанд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба соҳибкорони сахитарин вилоят рӯзи 21 декабр ҷоиза дод.

Нурбибӣ Ҳоҷиева 105 ҳазор сомониеро, ки ба нияти зиёрати Хонаи Худо ҷамъ карда буд, барои осон кардани мушкили ҳамдеҳагонаш харҷ намуд. Ӯ маблағашро барои сохтмони ду купрук дар роҳи душворгузари рустоҳои Метк ва Хишкекат  сарф кард. То сохтмони пулҳо, ки тайи чор соли охир ба мардум хидмат мекунанд, гузаштан аз роҳи миёни деҳаҳои Метк ва Хишекат душвор буд ва ба ҳангоми боду борон ҳатто ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ин роҳ ғайриимкон буд.

Феълан холаи Нӯрбибӣ ҳамроҳи фарзандон ва наберагонаш дар рустои Метк дар ноҳияи Деваштич ба сар мебарад.

Барчаспҳо:
беҳтарин, озмун, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ