20:47 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
144 0 0

Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас аз 30 то 40 фоиз нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш бароварданд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Имрӯз, 28 декабр дар муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ ярмаркаи маводи хӯрока барои шаҳрвандону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва таъмин намудан бо маҳсулоти арзону хушсифат бо иштироки хоҷагиҳои ёрирасон доир карда шуд.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас аз 30 то 40 фоиз нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш бароварданд.

"Хоҷагиҳои ёрирасон дар ярмарка, ба харидорон 1 килограм гӯшт - 30 сомонӣ, 1 килограм биринҷ - 7 сомонӣ, пиёзу картошка як килограмм 1 сомонию 50 дирам ва дигар маҳсулотҳои хӯрока, аз қабили шалғам, сабзӣ, мевагиву маҳсулотҳои гуштиро бо нархҳои дастрас пешкаши харидорон намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҳамасола бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҳама гуна ҷашну чорабиниҳои идона барои ғанӣ гардонидани хони шаҳрвандон ва дастгирии кормандон чунин ярмаркаи молу маҳсулоти хӯрока баргузор карда мешавад.

Барчаспҳо:
ярмарка-намоиш, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ