Ҷашнҳои рӯзи 29 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас ЭтвешДень 29 декабря
День 29 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту нуҳуми декабр дар Муғулистон – Рӯзи истиқлолият таҷлили мешаваду дар Ирландия – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 29 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1970 барои назорати шароити меҳнат дар ИМА идораи ҳифзи меҳнат ташкил карда шуд.

Соли 1982 дар Ямайка аввалин маротиба маркаи почтавӣ ба истифода дода шуд.

Соли 1991  дар Узбакистон барои ба даст овардани истиқлолият раъйпурсӣ гузаронида шуд. Инчунин дар ин рӯз интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Узбакистон баргузор гардид.

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВыборы президента Узбекистана
Ҷашнҳои рӯзи 29 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Выборы президента Узбекистана

Соли 1991 99% аҳолии Озарбойҷон дар раъйпурсӣ барои ба даст овардани истиқлолият овоз доданд.

Соли 1993 Конвенсияи гуногунии биологӣ ба ҳукми амал даромад.

Рӯзи 29 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Турсунзода маросими ботантанаи супоридани медалҳои ҷашнии "20 солагии баровардани низомиёни Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон" баргузор гардид, ки дар он 30 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои  Афғонистон – аъзои Иттифоқи собиқадорон ва интернатсионалистони Тоҷикистон иштирок намуданд.

День 27 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 27 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон ба Литсей-интернати махсуси касбии маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф оварда, бо шароити намунавии он, ки зимни тармиму навсозии асосӣ муҳайё гаштааст, аз наздик шинос шуда,  бо тарбиятгирандагони он суҳбат кард.

Соли 2012 Президент Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ"-ро имзо кард.

Соли  2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» қабул намуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон намудани соли 2018 фармон ба имзо расонд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 декабр

  • Дар Муғулистон – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Ирландия – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 29 декабр кӣ ба дунё омадааст

Юсуфҷон Аҳмадзода (1947) – шоир, нависанда.

Фазлиддин Абдураҳимов (1928) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Бобоҷон Атобеков (1946)- журналист, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Елена Зайтсева (1922) – доктори илми тиб, профессор.

Зариф Шариф (1936)- шоир, нависанда.

Усмон Мадёров (1921 – 1990) – дирижёр.

Мирополская Агафоника (1909 – 1990) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Тоҳир Охунов (1941) – доктори илми техникӣ, профессор.

Саломатшо Сабоиев (1940)- доктори илми биологӣ, профессор.

Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 – 1937) – арбоби давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон.

Эделман Xой (1930)- доктори илми филологӣ.

Шаҳноза Комилзода (1981) - журналист.

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешШахноза Комылзода, архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 29 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Шахноза Комылзода, архивное фото
Лентаи хабарҳо
0