Толеъномаи дақиқ барои 29 декабр аз Турсуной Зокирова

© Pixabay / Alexas_FotosСтрелец
Стрелец - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ситорашинос ва ғолиби озмуни "Битва экстрасенсов"-и Русия Турсуной Зокирова рухдодҳои имрӯзро барои намояндагони 12 бурҷ пешгӯӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Вебгоҳи ҳафтаномаи "Оила" толеъномаи дақиқро аз ситорашиноси номӣ Турсуной Зокирова мунташир кардааст.

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳар қадаре чӣ хостани худро хуб дарк намоед, ҳамон андоза рӯзатон бобарор мегардад. Аз субҳи содиқ нақшаи корҳои худро тартиб дода, афзалиятҳоро ба инобат гиред. Дар ин ҳолат ба чизҳои дигар эътибор намедиҳед ва атрофиён халал намерасонанд. Маслиҳатҳои дигарон дар ин рӯз бе фоида аст. Баъзе зодагони мучали ҳамал аз ғалату иштибоҳе раҳоӣ меёбанд, ки садди роҳи пешравиҳоятон мешуданд.

Белая крыса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соли нав – 2020: дар соли кабиса аз муши сафед чиро метавон интизор шуд

Савр (21 апрел-22 май)

Барои ҳар амали ночиз ғамгин нашуданатон дуруст аст. Ба назар чунин мерасад, ки шумо ба ғайр аз муваффақияти худ парвои чизеро надоред. Нафароне, ки аз ҳисоби дигарон нақшаҳои худро амалӣ месозанд, аз шумо дурӣ меҷӯянд, зеро дарк менамоянд, ки фоидае ба даст оварда наметавонанд. Дар кори муҳиме пешравӣ дида мешавад, муҳим он аст, ки имкони мусоидро аз даст надиҳед. Ҳар қадаре бо ҷуръат амал намоед, ҳамон андоза имкони ғолиб омаданатон меафзояд.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Шумо бо атрофиён ба осонӣ забон ёфта, ба аксарият маъқул мешавед. Дӯст ё ошиқи нав пайдо мекунед. Ҳамааш аз худатон вобаста аст. Ба корҳои дигарон мароқ зоҳир намуда, корҳои худро фаромӯш месозед. Ба чунин хатогӣ роҳ надиҳед! Мушкилиҳои шуморо танҳо худатон рафъ сохта метавонед. Кореро, ки номумкин аст, аз худ ва атрофиён талаб накунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи орому олиҷаноб аст. Бо касе баҳс кардан лозим нест, атрофиён тамоми амалу рафтори шуморо қабул менамоянд. Корҳои худро ба таъхир гузошта, истироҳат кунед, ҳам болидаруҳ мегардеду ҳам табъатон хуш мегардад. Агар чунин имкон надошта бошед, мушкилиҳои худро ба нафари дигаре вогузор намоед. Бо нафароне, ки вақтҳои охир забон ёфта наметавонистед, созиш мекунед. Сабаби низои шумо нофаҳмиҳои сарзада буданд.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз дар ҳар бобе, ки суҳбат ороед, шуморо дуруст дарк намуда, дастгирӣ менамоянд. Вале фориғболӣ накунед. Нимаи дуюми рӯз аз шумо заҳмати зиёдро талаб менамояд. Баъди ба мақсад расидан аз худ ифтихор мекунед. Сафарҳои кутоҳмуддат бобарор мешаванд ҳамсафарони хуб пайдо мекунед.

Дева - Sputnik Тоҷикистон
Толеъномаи дақиқ барои 28 декабр аз Турсуной Зокирова

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз усулҳои санҷидашуда самаранок нестанд. Бояд навҷӯӣ намоед ва дар ин ҷода савод, таҷриба ва фантазия доред. Каме ҷуръат надоред, вале паҳлӯятон нафароне мешаванд, ки шуморо болидаруҳ месозанд. Нимаи дуюми рӯз диққати худро ба масъалаҳои муҳим равона созед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Ба садои қалб гӯш андозед, ба мақсад мерасед. Атрофиён шуморо ба роҳи ғалат мебаранд. Нисфирӯзӣ гузаштаро ба ёд биёред, он гоҳ хатогиҳоро дубора такрор намекунеду қарори дуруст меандешед. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқот ё гуфтугӯ бо нафаре, ки бароятон азиз аст созгор аст.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз қаҳру ғазаби худро идора карда наметавонед. Қувваи худро ба созиш намудан равона созед, он гоҳ муваффақ мегардед. Нимаи аввали рӯз аз амалҳои беандеша худдорӣ намоед. Баъдан имконияти бо нафаре маслиҳат кардану дарди дил намудан фароҳам меояд. Муҳим он аст, ки ягон ваъдаи ҷиддӣ надиҳед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Бисёр чизҳо дар ин рӯз аз атрофиёнатон вобастагӣ дорад. Бештар бо нафароне дар робита шавед, ки ба зиндагӣ хушбинона назар доранд. Маҳз бо шарофати чунин нафарон ҳаётатон хуб гашта, қарорҳои муҳим меандешед. Аз нафарони эродгиру мунақид худро канор гиред, ин тоифа сабабгори хира гаштани табъ ва бесарусомониятон мегарданд.

Знак зодиака Рак - Sputnik Тоҷикистон
Толеъномаи дақиқ барои 21 декабр аз Турсуной Зокирова

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Ташвишу хавотириро аз худ дур сохта, ба атроф назар намоед. Имрӯз бо шарофати он ки дар лаҳзаи даркорӣ дар ҷои даркорӣ қарор доша бошед, бурд мекунед. Бо корҳои шубҳанок машғул нашавед, вагарна маблағи калони худро аз даст медиҳед. Шитобкорона харид накунед, молу ашёро ба даст меоред, ки боиси пушаймониятон мегардад.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Кӯшиши тағйир додани чизеро накунед. Хусусан дар муносибатҳои шахсӣ рафтору сухани дар сари ҷаҳл гуфтаатон боиси пушаймонӣ мегардад. Дар ҷодаҳои дигар низ эҳтиёткор бошед. Қабл аз он ки аз коре худдорӣ менамоед ё уҳдадориеро ба душ мегиред, хуб андеша намоед. Эҳтимоли ба ғалат роҳ доданатон хеле зиёд аст.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Дар ин рӯз қобилияти одамшиносиятон хеле бад аст. Дар вохӯриҳои корӣ ё робита бо шиносҳоятон ба доми фиреби ҳаннотон афтиданатон имконпазир аст, аз ин рӯ, аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед. Хабарҳои хуше мешунавед, ки бо нафарони бароятон азиз алоқамандӣ доранд. Мушкилиҳои куҳнаи оилавиро рафъ намудан муяссаратон мегардад.

Лентаи хабарҳо
0