21:48 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
91 0 0

Соҳибкори тоҷик бо харҷи 150 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Роғун хатнатӯйи беш аз 200 кӯдакро баргузор кардааст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар арафаи Соли нав соҳибкор дар шаҳри Роғун бо харҷи беш аз 150 000 сомонӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат, бепарасторону ятимон хатнасур барпо намуда, ба ин қишри ҷомеа туҳфаҳои пулӣ ва солинавӣ тақдим намуд, хабар додаст “Ховар”.

Манбаъ аз соҳибкор ном набурдааст, аммо аз қавли Абдулмумин Худойдодов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун хабар додаст, ки  “ин иқдоми хайр аз ҷониби соҳибкор ва бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун роҳандозӣ гардид”.

“Дар ин замина аз ҷониби раиси шаҳр дар ҷаласаи корӣ ба масъулини маркази саломатии шаҳр супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин хатнаи кӯдакону наврасонро ба анҷом расонанд”, -омадааст дар иттилоия.  

“Ховар” зикр намудаст, ки хайру эҳсон яке аз фазилатҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад ва бузургон аз накӯиву накӯкорӣ ва хайру эҳсон нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ сухан ронда, ин хислати инсонӣ ва суннати неки ҷавонмардиро дар осори худ васф кардаанд.

Барчаспҳо:
хатнасур, соҳибкор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ