00:45 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
395 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, гармии рӯзонаи ҳаво дар шаҳри Душанбе 10+12 дараҷаро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  8-13 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 23-28  ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол  аз  самти шарқ бо суръати  3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбандаи   бебориш пешбинӣ шудааст.  Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм   ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5  дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона   аз 2 дараҷа хунук то 3  дараҷа гарм ва рӯзона 8+13  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  5-10  дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш  шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
Хатлон, Суғд, ВМКБ, душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ