10:53 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
292 0 0

Рӯзи 12 январи соли 2020, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Раҳим Марупов дар синни 84 — солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар Душанбе академик Раҳим Марупов дар синни 84 — солагӣ аз олам чашм пӯшид, хабар медиҳад торномаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Дар ин росто, ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги Раҳим Марупов сахт андӯҳгин буда, барои аҳли оила ва пайвандону наздикони устод аз даргоҳи абад сабри ҷамил мехоҳанд.

Наваду чор соли пурбаракат: вопасин иштирокдори ҶБВ аз Хуҷанд даргузашт

"Хотираи неки устоди шодравон Раҳим Марупов ҳамеша дар қалби мо, дӯстон ва ҳамкорону шогирдон ҳамчун рамзи садоқат ба роҳи пуршарафи илм боқӣ хоҳад монд", - омадааст дар номаи таслият.

Устод Раҳим Марупов олими шинохта дар соҳаи спектроскопияи пайвастагиҳои фаромолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ордени «Дӯстлик» мебошад.

Ӯ Директори фахрии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарходими илми лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ ва ниҳоят устоди сахтгиру меҳрубон буд, ки умри худро ба рушди сатҳу сифати илми тоҷик бахшид.

Тадқиқотҳои бунёдии Раҳим Марупов, кашфиётҳо ва коркардҳои илмиаш махсусан дар соҳаҳои спектроскопияи молекулавӣ, физикаи полимерҳо, физикаи молекулавӣ ва химияи физикӣ илми ҷаҳониро ба таври назррас ғанӣ гардонида, ба он саҳифаҳои навро ворид намуд.

Раҳим Марупов ҳамчун роҳбари нуктасанҷу ғамхор дар роҳбарӣ ва омода намудани насли нави олимони тоҷик – кадрҳои баландихтисоси соҳаи физикаю техника саҳми бузург гузошт, ки ҳоло илми устодро идома дода истодаанд.

Барчаспҳо:
даргузашт, Академияи илмҳо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ