07:35 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Рӯзи 14 январ дар Узбакистон — Рӯзи ҳимоятгарони Ватан ва дар Тунис – Рӯзи инқилоб ва ҷавонон мебошад

Рӯзи 14 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1907 заминҷунбии шадид қисми зиёди шаҳри Кингстони Ямайкаро нобуд кард, ки дар натиҷа 1400 нафар ба ҳалокат расиданд.

День 13 января
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1980 иҷлосияи фавқулодаи Ассамблеяи Генералии СММ ба Афғонистон даромадани ҷангиёни Иттиҳоди Шӯравиро  маҳкум намуд.

Соли 1992 миёни Озарбойҷон ва Туркия санад дар бораи барқарор намудани муносиботи дипломатӣ ба имзо расид.

Рӯзи 14 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1972 аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳодияи пӯст ва пойафзоли Душанбе таъсис дода шуд.

Соли 1993 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардид.

Соли  2004 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.

Соли 2010 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел  масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

День 12 января
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 Раҳмон ба Президенти вақти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба муносибати 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ду мамлакат барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Соли 2017 дар шаҳри Порис маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако (Князигарӣ) баргузор гардид.

Соли 2017 дар  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти Оркестри асбобҳои мусиқии миллии вилояти Гуандуни Чин баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 14 январ

  • Дар Узбакистон — Рӯзи ҳимоятгарони Ватан.
  • Дар Тунис – Рӯзи инқилоб ва ҷавонон.

Рӯзи 14 январ кӣ ба дунё омадааст

Қурбон Баҳлулзода (1902 – 1956) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Вайсблат Соломон (1888-1965)- доктори илми тиб, профессор.

Юрий Затсариний (1939)- арбоби давлатӣ.

Қодирӣ Тофиқ (1948) – доктори илми тиб, профессор.

Мирзоодил Наимов (1926) – доктори илми таърих, профессор.

Марям Турсунова (1951) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Алишер Хоҷаев (1949) – публисист, тележурналист.

Наим Ҳакимов (1955) – санъатшинос, профессор.

Муҳаммадрофеъи Кароматулло (1986) - сароянда, писари марҳум Кароматуллохи Қурбон.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - видео
Ҷашнҳои рӯзи 10 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ