01:05 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Дар деҳоти вилояти Хатлон ҳамагӣ камтар аз 5 дарсади сокинон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Аз 2 миллиону 600 ҳазор нафар аҳолии вилояти Хатлон, ки дар деҳот умр ба сар мебаранд, танҳо 4,47 дарсад бо оби тозаи нӯшокӣ таъминанду халос, хабар додаст нашрияи парлумонии "Садои мардум".

Ба иттилои манбаъ, дигарон эҳтиё­ҷотро аз обҳои полоишнаёфтаи зеризаминӣ, ҷӯй ва кӯлмакҳо қонеъ месозанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 1601 деҳа мавҷуд аст, ки дар онҳо 2 миллиону 683 ҳазору 900 нафар зиндагӣ мекунанд. Аз ин шумора 92 ҳазору 14 нафари онҳо бо оби тозаи нӯшокӣ таъминанд.

Нашрия аз қавли сардори Раёсати истифодаи оби нӯшокии деҳот ва чарогоҳҳои вилояти Хатлон, Ҷумъабой Ғозиев хабар додаст, ки барои таъмини аҳолии деҳот солҳост мақомоти маҳаллӣ маблағ ҷудо намекунанд.

“Аз ҳамин сабаб хатҳои оби нӯшокии зери тобеияти мо, ки аз даврони шӯравӣ мерос мондаанд, фарсуда шуда, ба таъмири асосӣ ниёз пайдо кардаанд. Чанде пеш намояндагони Бонки ҷаҳонӣ омада, ба маблағи 58 миллион доллари амрикоӣ харҷнома тартиб доданд, ки бар асоси он бояд панҷ ноҳияи вилояти Хатлон бо оби тоза таъмин шаванд. Агар ин лоиҳа амалӣ шавад, норасоии оби нӯшокӣ то андозае бартараф мегардад”, - изҳор доштаст Ғозиев.

Барчаспҳо:
деҳа, обҳо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ