05:55 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
512050

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба аёдати Саодат Хоҷаева, маъюби гуруҳи якум, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ рафта, аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон туҳфаҳои пуливу молӣ расондаст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳукумати Хатлон хабар дод, ки айни замон мақомоти иҷроияи ноҳияи Восеъ хонаи истиқоматии хонаводаи Хоҷаеваро навсозӣ карда истодааст.

Қурбон Ҳакимзода зимни аёдат дастур додааст, ки дар баробари азнавсозии манзили зист, гирду атрофи хонаи Саодат Хоҷаеваро сафолакпӯш намоянд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахираш ба парлумон аз  Саодат Хоҷаева тавсиф кард, ки сарфи назар аз он, ки аз дасти гиро маҳрум аст, бо пойҳои худ ба корҳои кишоварзӣ машғул шуда, аз ин ҳисоб рӯзгори худро пеш мебарад.

Раҳмон гуфт, навори кору зиндагии Хоҷаева Саодатро дид, ки "бо пояш замини наздиҳавлигияшро каланд мекунад, се фарзанд дорад, шавҳараш ҳам маъюб аст, бо пойҳояш хӯрок мепазад, дарз медӯзад, тамоми шароити рузгорро пеш мебарад ва аз зиндагӣ руҳафтода нест”.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳангоми аёдати Саодат Хоҷаева, зани маъюб
дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳангоми аёдати Саодат Хоҷаева, зани маъюб

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Раҳмон ба баъзеҳо Худо чашму бинию ҳушу дасту по додаст, аммо хушашон намеояд, ки замини наздиҳавлигияшонро кишт кунанд.

“Бо як нафақаи ночиз аз зиндагӣ руҳафтода нагардидаст, зиндагӣ худаш мубориза аст”, - тавсиф кард Эмомалӣ Раҳмон аз Саодат Хоҷаева.

Ӯ афзуд, вақте як модари тоҷик дар чунин шароит заҳмат мекашад, чаро мо ватани худро обод насозем.

Барчаспҳо:
кумак, хона, маъюб, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ