10:41 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
373 0 0

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ба масъулин барои омода кардани дастури техникӣ супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ Мирҳамуддин Камолзода ҷаласаи гурӯҳи  кории байнисоҳавии дастури техникӣ "Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда" баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идора ва сохторҳои марбутаи лоиҳа иштирок намудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар ҷаласа қайд гардидааст, ки дастури техникӣ  "Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда" бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми истеъмоли орди ғанигардонида, инчунин, пешгирӣ намудани амалҳои аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагон барои гумроҳ намудани истеъмолкунандагон татбиқ карда мешавад.

Иҷрои дастури мазкур дар иншооти танзими техникии зерин амалӣ карда мешавад: орди гандумии ғанигардонидашудаи навҳои якум ва олӣ барои истеҳсоли нон ва маҳсулотҳои нонӣ; раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркард ва нобудсозии орди ғани-гардонидашуда.

Дар идомаи ҷаласа масъалаи таҳияи регламенти техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда” (минбаъд дастури техникӣ)  миёни иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирфт.

Манбаъ афзуда, ки ба намояндагони вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки то муҳлати муқарраргардида талкифу пешниҳоди хешро ҷиҳати таҳияи дастури техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда" ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Барчаспҳо:
дастур, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ