01:40 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
291 0 0

Соли гузашта Тоҷикистон аз 55 кишвари ҷаҳон кумаки башардӯстона дарёфт намуд, ки 35 дарсади ин кумакҳо ба саҳми рост меоянд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputniк. Тоҷикистон соли гузашта аз кишварҳои хориҷӣ ба арзиши 54,7 миллион доллар, 18,3 ҳазор тонна кумаки инсондӯстона дарёфт кард.

Бино ба иттилои ожонси омори Тоҷикистон, соли сипаришуда 55 кишвари ҷаҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки инсондӯстона ироа карданд.

Кумаки башардӯстона: Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар маводи доруворӣ гирифт

Кумакҳо аслан дар шакли доруворӣ ва ҳамзамон маводи ғизоӣ ирсол гардидаанд.

Зикр мегардад, ки 35 дарсади кумаки инсондӯстона, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа шуд, саҳми Русия буд. Зимнан кумакрасонии кишвари Чин низ назаррас буда, наздики 22 фисади имдоди башардӯстона ба ин кишвар рост меояд.

Ҳамсоякишвари Узбакистон низ ба Тоҷикистон кумак расонда, ҳудуди 8,3 фисади кумакҳои ирсолгардидаро Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя дарёфт намудаст.

Мавзӯъҳои асосӣ