03:16 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Рӯзи бисту ҳафтуми январ Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни Ҳолокост мебошад. Соли 1916 Манитоба аввалин музофоти Канада шуд, ки дар он ба занҳо ҳуқуқи интихоб дода шуд.

Рӯзи 27 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1987 ИМА ва Муғулистон муносиботи дипломатӣ барқарор намуданд.

Соли 1916 Манитоба аввалин музофоти Канада шуд, ки дар он ба занҳо ҳуқуқи интихоб дода шуд.

День 24 января
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1935 дар бозии ниҳоии чемпионати Америкаи Ҷанубӣ оид ба футбол дастаи Уругвай дастаи Аргентинаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Соли 1948  дар Америка аввалин магнитофони  ширкати "Wire Recording Corporation of America"  ба фурӯш бароварда шуд, ки 149,5 доллар арзиш дошт.

Соли 1990 забони беларусӣ забони давлатии Беларус эълон карда шуд.

Рӯзи 27 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 миёни Тоҷикистон ва Туркманистон муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

Соли 2004 Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Тоҷикистон тағйири ном кард.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба муносибати бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон  барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад: "Аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият давлатҳоямон мунтазам ба пурра сохтани мазмуни нави ҳамкории байнидавлатии худ бо ҳамгиройии фаъол дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш мекунанд".

День 23 января
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2017 дар "Кохи Наврӯз" Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе китоби  "Қазоқҳои Тоҷикистон"-и профессори кафедраи таъриху назарияи журналистика ва ВАО-и электронии Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия  Абдусаттор Нуралиев рӯнамоӣ гардид.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Федератсияи  Русия  оид ба ҳамкории  иқтисодӣ  баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 январ

  • Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни Ҳолокост.

Рӯзи 27 январ кӣ ба дунё омадааст

Абдуқаҳҳори Қосим (1965)- шоир.

Валентина Виборнова (1927) - доктори илми фалсафа.

Fаффоралӣ Сафар (1950)- шоир.

Маҳмадқул Каримов (1964) - доктори илми химия, профессор.

Лучинский Пётр (1940)- арбоби ҳизбӣ. (солҳои 1986-1988 Котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон).

Саид Марофиев (1938) - муаррих, профессор.

Равшани Ёрмуҳаммад (1942) - нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Савриниссо Сабзаалиева (1948) - актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Сорбон (Облоқул Ҳамроев) (1940) - нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Тсой Божелав (1945) - доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Усмонзода Хаймагул (1960)- шоира.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн

Мавзӯъҳои асосӣ