22:39 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
126 0 0

Рӯзи якуми феврал дар ИМА – Рӯзи миллии озодӣ, дар Сенегал – Рӯзи Конфедератсия, дар Алҷазоир – Рӯзи тахлия  (аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои осуда кӯчонидани аҳолӣ ва молу анҷом), дар Никарагуа – Рӯзи неруҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ ва дар Малайзия – Рӯзи ҳудуди федералӣ

Рӯзи 1 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1893 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон дар Ню-Ҷерси аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киностудияи "Черная Мария"- ро таъсис дод.

День 27 января
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1995 Конвенсияи ҳудудӣ дар бораи ҳифзи ақаллиятҳои миллӣ қабул карда шуд.

Соли 1946 дипломати норвегиягӣ Трюгве ЛИ аввалин Дабири Кулли СММ интихоб гардид.

Рӯзи 1 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 – Ифтитоҳи намояндагии СММ дар Душанбе.

Соли 1998 – Ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бори нахуст намояндагони мухолифин шомил гардиданд.

Соли 1999 – Роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Дарвоз ба истифода дода шуд.

Соли 1993 дар  шаҳри Душанбе Намояндагии аввали СММ — Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) кушода шуд.

Соли 2010 дар Тоҷикистон шиносномаи биометрӣ роҳандозӣ карда шуд.

Соли 2011 сокинони водии Зарафшон аввалин маротиба аз Хатти интиқоли барқи "Шимол — Рӯдакӣ" қувваи барқи дохилӣ дастрас намуданд.

День 26 января
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар бораи таъсис ва тарзи фаъолияти маркази фарҳангӣ- иттилоотӣ баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари вақти Агентии федеролии Россия  доир ба корҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ Фарит Мухаметшин  масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи сохтани  неругоҳҳои хурди обӣ – барқӣ ва имконияти таъсис додани корхонаи муштараки Тоҷикистону Германия оид ба истеҳсоли батареяҳои офтобӣ баррасӣ карда шуд.

Соли 2013 — Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои арзишашон 1 ва 2 дирамиро ба муомилот баровард.

Соли 2018 дар Душанбе Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 1 феврал

  • Дар ИМА – Рӯзи миллии озодӣ.
  • Дар Сенегал – Рӯзи Конфедератсия.
  • Дар Алҷазоир – Рӯзи тахлия  (аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои осуда кӯчонидани аҳолӣ ва молу анҷом).
  • Дар Никарагуа – Рӯзи неруҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ.
  • Дар Малайзия – Рӯзи ҳудуди федералӣ.

Рӯзи 1 феврал кӣ ба дунё омадааст

Соли 1930 – Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев.

Соли 1930 – олими забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мадиброҳим Норматов.

Соли 1938 – журналист Турғун Дадабоев.

Соли 1950 – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актриса Хадича Абуалимова.

Соли 1952 – Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, собиқ раиси шаҳри Душанбе.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев

Соли 1953 – журналист Давлаталӣ Раҳмоналиев.

Соли 1962 – Маҳмадалӣ Ватанов, вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ