00:26 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
193 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти раёсати намояндаи доимии ин бонк дар Тоҷикистон, Ян-Петер Олтерс, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ шуда, маҳаки асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ ташкил дод.

“Ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанберо, ки дар доираи он беш аз 50 фоизи сокинон бо оби ошомидании босифат таъмин шуданд, мусбат арзёбӣ карданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар ҷараёни мулоқот тазаккур дода шуд, ки бо дарназардошти ҳалли мушкилоти таъмини муназзами оби ошомиданӣ барои сокинони пойтахт ва рафъи партовобҳо аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии Душанбе таҳия гардидааст.

Муҳлати амалисозии Лоиҳа солҳои 2020 – 2024 муқаррар гардида, мавзеи фарогирии он қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино мебошад, хабар дод котиботи шаҳрдорӣ.

Инчунин масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони "Иншооти обтозакунии Варзоб" баррасӣ гардидаст.

Ҷонибҳо қарор додаанд, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро дар соҳаи корезию обтозакунии Душанбе роҳандозӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
Бонки ҷаҳонӣ, об, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ