19:03 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
271010

Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон фаъолияташро дар мақоми нав дар оғози ҳафтаи равон шурӯъ кардааст

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд таъин шудааст.

Дар ин бора манобеи Sputnik Тоҷикистон хабар дода, гуфтанд, вазифаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти  Суғд, ки сар аз 27 январ холӣ буд, ба он  Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон таъйин шуд.

Ба иттилои манбаъ, қаблан сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Нуъмонзода Темур буд, ки ҳамакнун бо дастури президент иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъйин шудааст.

Ҳакимзода то замони нишастан ба курсии сардори Раёсати ҳифзи муҳити зистии вилоят роҳбари дастгоҳи шаҳри Гулистон буд. 

Дар тарҷумаи ҳоли Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон, ки  дар сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Гулистон мавҷуд аст, гуфта мешавад, ки ӯ то ин замон дар як қатор вазифаҳои давлатӣ кор кардааст.

Президент розӣ бошад: тағйири қонун барои таъиноти кадрӣ

Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон 13-уми июли соли 1989 дар ҷамоати Унҷии ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Соли 2012, таҳсили панҷсолаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ро хатм намуда корро ба ҳайси мутахассиси шӯъбаи нозироти савдо дар Агентии тоҷикстандарт дар вилояти Суғд оғоз намуда, аз моҳи апрели соли 2015 дар вазифаи мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон кор кардааст. Баъди чор моҳи кор дар ин мақом, соли 2015 дар мансаби роҳбари дастгоҳи шаҳри Гулистон таъин шудааст.

Барчаспҳо:
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, тағйироти кадрӣ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ