Дастур барои ҷилавгирӣ аз ришвахӯрӣ ҳангоми таҳияи асноди шаҳрвандон дар Хатлон

© Sputnik / Стас ЭтвешВзятка, архивное фото
Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ноҳияи Вахш қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор кард

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода ба масъулони ноҳия таъкид намуд, ки барои муроҷиати шаҳрвандон ягон монеа эҷод накунанд ва тӯли беш аз ду соат ба арзу матлаби беш аз 15 сокини маҳаллӣ гӯш андохт, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, раиси Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҳлили Убайдуллоев дар бораи фасодкории мансабдорон: ин ҳузновар аст

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла раиси маҳалла аз деҳаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти “Машъал” Абдусаттор Алимов барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мактаб, корманди бахши фарҳанги ноҳияи Вахш Сайёрамо Раҳимова барои  ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ, соҳибкор аз деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” Сайфулло Баротов доир ба мусоидат дар ҳуҷҷатгузории қитъаи замин барои бунёди бинои дуошёнаи бунгоҳи тиббӣ, дорухона, меҳмонхона ва сехҳои челонгарию кафшергарӣ муроҷоиат кардаанд.

“Омӯзгори МТМУ №17-и деҳаи Истиқлол Салимахон Сафарова оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони ошхона, сартарошхона ва сехи дӯзандагӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Қувваталӣ Файзов оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона ва коргоҳи дӯзандагӣ, сокини деҳаи Рӯдакӣ Тоҷиддин Қувватов доир ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони муассисаи таълимӣ, сокини маҳаллаи Султонобод Гулсара Мавлонова оид ба мусоидат ҷиҳати таъмин намудани деҳа бо трансформатор, инчунин 8 нафари дигар бо матлабҳои мушобеҳ ба раиси вилоят муроҷиат намуданд”, - омадааст дар иттилоияи нашркардаи Маъмурзода.

Ғайриқаноатбахш: супориши Аҳмадзода барои "ҷазо" - и мақомдорони Суғд

Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати баррасии ҷиддии масъалаҳои матраҳкардаи шаҳрвандон, мусоидат дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоии шаҳрвандон, расонидани кумаки ройгони тиббӣ ва молиявӣ ва шаҳрвандони камбизоате, ки фарзанди бемор ё маъюб доранд, ба масъулини идораҳои дахлдор супориш додаст. Раиси Хатлон таъкид намудаст, ки аз фасоду ришвахорӣ зимни батартибдарории ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон пешгирӣ карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0