17:44 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
574 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф меборад.

Дар  ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 0-5 то  5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад, - хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо бориш бошиддат шуда, шамол  аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, борон меборад.  Дар  баъзе ноҳияҳо боридани борони бошиддат дар назар аст.  Бод аз сӯи ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар назар буда,  дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад.

Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 0-5 то 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз  3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 4+6  ва  рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
пешгӯӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ