19:17 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1666 0 0

"Пранк"-е, ки оқибаташ вой шуд: блогери тоҷикро барои видеои шӯхиомез дар бораи коронавирус дар метрои Москав ҳабс карданд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.Блогери тоҷикро, ки дар бораи коронавирус дар метрои Маскав навори шӯхиомез ё "пранк" кардааст, ба як моҳ ҳабс карданд, хабар медиҳад "Москва 24".

"Бо қарори додгоҳи Черёмушкии шаҳри Маскав Ҷабборов К.С.  ба мӯҳлати 1 моҳ, то 8 март ба ҳабс гирифта шуд", - гуфта мешавад дар нусхаи қарори додгоҳ.
Тавре дар видеое, ки аллакай дар интернет паҳн шудааст, дида мешавад, ҷавони тоҷик дар даҳонаш ниқоб вориди вагон мешаваду худро ба фарш мепартояд ва ба дасту по задан медарояд. 

Иштироркдори дувуми пранк, ин вақт фарёд мезанад, ки "коронавирус инҷост, зудтар гурезед!" ва мусофирон дар ҳоли парешон аз вагон фирор мекунанд.

Вакили ҷавон, Алексей Попов кӯшиш мекунад, ки зерҳимояашро сафед кунад ва шӯхии ҷавонро чун кӯшиши ҷалб кардани диққати мардум ба маризӣ маънидод мекунад.

"Ин роликро аз дигар шӯхиҳо алоҳида тамошо кардан мумкин нест. Онҳо дар мағозаҳо низ навор гирифта, аз мардум пурсидаанд, ки оё дар бораи коронавирус маълумоте доранд. Дар дорухонаҳо низ видео гирифтаанд, ки ниқобро бо нархи гарон мефурӯхтанд. Онҳо мехостанд диққати мардумро ба ин беморӣ ҷалб кунанд ва ин ҷо мақсади ҷиноят дида намешавад", - гуфтааст вай.

Аммо натиҷаи ҳазлу шӯхии ҷавон боз шудани парвандаи ҷиноӣ бо моддаи "Авбошӣ" шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ