18:33 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
91 0 0

Рӯзи ёздаҳуми феврал Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм, Рӯзи ҷаҳонии беморон, дар Камерун – Рӯзи ҷавонон, дар Либерия – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ, дар Озарбойҷон Рӯзи кормандони Хадамоти андоз мебошад

Рӯзи 11 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1989 дар Венгрия бисёрҳизбӣ иҷозат дода шуд.

Соли 1978 дар Чин манъи мутолиаи китобҳои Арасту, Шекспир ва Диккенс бекор карда шуд.

Соли 2015 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар  Алмаато маросими ботантанаи ифтитоҳи дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба оғози кумаки тиббӣ-санитарӣ доир гардид.

Рӯзи 11 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Брюссел форуми тиҷоратии  соҳибкорони Тоҷикистону Белгия баргузор гардид.

День 9 февраля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел иштирок намуда, бо ҳамватанони муқими Белгия мулоқот кард.

Соли 2010  маросими супоридани қисми зиёди адабиёти таълимӣ-методӣ ва рассомӣ барои макотиби Тоҷикистон аз Русия баргузор гардид.

Соли 2013  дар шаҳри Порис маросими ифтитоҳи расмии "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013" баргузор гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, иҷтимоиёт ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд.

Соли 2015 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Huaxin Cement  Co., LTD"-и Чинро тасдиқ намуд.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон муҳокима карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 феврал

  • Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии бемор.
  • Дар Камерун – Рӯзи ҷавонон.
  • Дар Либерия – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
  • Рӯзи кормандони Хадамоти андоз дар Озарбойҷон.
  • Рӯзи ғалабаи инқилоби Эрон.
  • Рӯзи ташкилёбии ҷумҳурӣ дар Ҷопон.

Рӯзи 11 феврал кӣ таваллуд шудааст

Абдувалии Бекмуҳаммад (1948)- шоири узбекзабони Тоҷкистон.

Абдурашид Абдулҳаев (1936)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Бобоназари Бобохон (1950) – забоншинос, мутарҷим.

Саид Қурбонов (1950) – доктори илми тиб, профессор.

Маҳмадёқуб Маҳмадюсуфов (1915 – 1991) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Маликшо Неъматов (1969)- арбоби давлатӣ.

Раҳмони Гулзор (1960)- шоир.

Софияи Носир (1942) – нависанда.

Абдулло Табаров (1963) – доктори илмҳои физикаю математика.

Теша Раҷаб (1938-2012) – нависанда.

Галина Федюк (1951) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Валерий Чалкин (1938) – рассом, Ходими шоистаи Ҳунари Тоҷикистон.

Бегиҷон Шарифов (1924-2009)- муаррих, нависанда.

Воҳид Эшонхоҷаев (1954) – артисти балет, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 4 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ