15:39 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9010

Гулнора Ҳасанзода, раҳбари Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд бештари дарозумртаринҳои кишвар дар пойтахт зиндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар 108 нафар аст, ки синнашон аз 100 сол боло будааст.

Гулнора Ҳасанзода, раҳбари агентӣ ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди зертобеяш изҳор дошт.

Ба итилои ӯ беш аз 50 нафари дарозумр аз шаҳри Душанбе мебошанд.

Агентии  омор мегӯяд, нишонаи дарозумрӣ дар кишвар ҳоло 75 сол буда, дарозумрӣ миёни занони кишвар 76,9 ва мардҳо бошад 73 солро ташкил медиҳанд.

Қаблан куҳансолтарин фард дар кишвар Фотима Мирзоқулова, зодаи ноҳия ашт унвон мешуд, ки моҳи январи соли равон дар синни 127 солагӣ фавтид.

Ёдрас мешавем, Фотима Мирзуқолава, ки 127 сол умр дида, на танҳо кӯҳансолтарин фарди Тоҷикистон, балки ба иттилои бархе аз расонаҳо, дарозумртарин фарди дунё ба ҳисоб мерафт.

Да ҳоли ҳозир аҳолии кишвар беш аз 9 миллион буда, мизони тавлид дарк кишвар миёни дигар давлатҳои собиқ Шуравӣ болост.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, пиронсол, Гулнора Ҳасанзода, Агентии омори Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ