17:11 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
93 0 0

Дар ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ меваю сабзавот, маводи аввалияи рӯзгор аз қабили гӯшт, орд, равған, шакар, биринҷ, ғалладонагӣ ва лӯбиегиҳо, маҳсулоти ширию гӯштии корхонаҳои ватанӣ бо нарҳои арзон ба фурӯш бароварда шудааст

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бо ибтикори мақомоти вилоят 15 феврали соли 2020 дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Бино ба гузориши маққомоти вилояти Суғд, ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шудааст.

"Дар ярмаркаи мазкур шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллиону 500 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварону сокинон намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ шинос гардида, аз растаҳои гуногуни ниҳолу гулҳо дидан намудааст.

Арзонӣ дар Суғд: хуҷандиҳо як халтаи ордро 175-сомонӣ хариданд

Манбаъ афзуда, ки дар ярмарка бо нарҳои дастрас ва арзон аз бозор маҳсулоти кишоварзӣ меваю сабзавот, маводи аввалияи рӯзгор аз қабили гӯшт, орд, равған, шакар, биринҷ, ғалладонагӣ ва лӯбиегиҳо, маҳсулоти ширию гӯштии корхонаҳои ватанӣ ба фурӯш бароварда шудааст.

Барчаспҳо:
ниҳол, ярмарка-намоиш, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ