Ҷашнҳои рӯзи 19 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 19 февраля
День 19 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи нунздаҳуми феврал дар Туркманистон — Рӯзи парчами давлатӣ, дар Непал – Рӯзи Конститутсия, дар Канада – Рӯзи оила, дар Исландия Рӯзи занон ва рӯзи Сарқонун дар Непал мебошад

Рӯзи 19 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1878 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон фонограф (аввалин асбоб барои сабт ва аз нав ҳосил кардани садо) – ро ихтироъ намуд.

День 18 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 18 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1921 куҳантарин рӯзномаи Русия — «Труд» («Меҳнат») таъсис дода шуд.

Соли 2018 дар Душанбе масъалаи ба муассисаҳои таҳсилотии олии Федератсияи Русия тибқи бурсия дохил шудани ҷавонони тоҷик баррасӣ гардид.

Соли 1974 аввалин маротиба маросими супоридани ҷоизаи мусиқавии америкоӣ — American Music Award баргузор гардид.

Рӯзи 19 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2007 дар шаҳри Душанбе сомонаи нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  www.mfa.tj  рӯнамоӣ карда шуд.

Соли 2009 паҳлавони тоҷик Олим Зикаев дар  мусобиқаи кушоди XIII Ҷумҳурии Беларус оид ба гӯштини самбо барои дарёфти Ҷоми президенти ин кишвар дар шаҳри Минск соҳиби медали тиллоӣ гардид.

Соли 2010 дастаи  мунтахаби  футболбозони  Тоҷикистон дар Шри–Ланка дар доираи Ҷоми  даъватии Конфедератсияи футболи Осиё бо дастаи  мунтахаби  Бангладеш  қувваозмоӣ  карда,  бо  ҳисоби  3:1 ғалаба  ба  даст овард.

День 17 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 17 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо  Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа аз ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дастгирии рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Соли 2018 Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев доираи васеи ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онро дар асоси шарикии стратегӣ муҳокима намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 19 феврал

  • Дар Туркманистон — Рӯзи парчами давлатӣ.
  • Дар Непал – Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Канада – Рӯзи оила.
  • Рӯзи занон дар Исландия.
  • Рӯзи Сарқонун дар Непал.

Рӯзи 19 феврал кӣ таваллуд шудааст

Абдулхалат Боҳиров (1908- 1989)- доктори илми геологӣ, профессор.

Игор Ершов (1907 - 1974) - рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Тўхта Иброҳимова (1939) - сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Яъқуб Сабзанов (1929-2013) - оҳангсоз, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Носир Саидов (1966)- коргардони синамо.

Мардон Султонов (1937) - доктори илмҳои физикаю математика, професср.

Ҳафизулло Урунов (1910 - 1971) - актёри театр.

Франк - Каменитский Лев (1902 - 1983) - доктори илми тиб, профессор.

Флора Ҳакимова (1934) - сароянда.

Лентаи хабарҳо
0