01:07 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
110020

Додгоҳи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, шаҳрванд Мамаҷонзода М-ро дар латтукӯб ва паст задани шаъну шарафи ҳамсараш гунаҳгор дониста, 5 сол равонаи зиндон кардааст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Мамаҷонзода М моҳи январи соли 2019 дар асоси ақди никоҳи мусулмонӣ бо шаҳрванд Абдуллоева П.М. оила барпо намуда, дар давоми зиндагии якҷояашон мунтазам нисбати ҳамсараш муносибати бераҳмона карда, ӯро зери латукӯб қарор дода, шаъну шарафашро паст задааст.

Ба иттилои манбаъ, Мамаҷонзода ҳамсарашро барои аз хотираи телефонаш нест кардани  “Фарангис” ном духтар аз соати ду то чори шаб зери латукӯби шадид қарор додааст.

Манбаъ мегӯяд, Абдуллоева П.М. аз ин муомилаи бераҳмона ва паст задани шаъну шарафаш аз тарафи шавҳар тоб наоварда, маҳлули сирко истеъмол намуда, сӯиқасд ба худкӯшӣ кардааст.

Гуфта мешавад прокурори ноҳияи Спитамен нисбати Мамаҷонзода М. бо моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба худкӯшӣ расонидан) парвандаи ҷинояти оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакй барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонидааст.

 “Бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен Мамаҷонзода М. гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳруми аз озоди ба муҳлати 5 сол таъин карда шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Барчаспҳо:
зиндон, боздошт, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ